Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиёни марзи нави Чин ба сокинони Мурғоб


МШ

Сокинони маҳалли Рангкӯли ноҳияи Мурғоб дар мулоқоти нахустин бо раиси навтаъини ноҳия Майрамбек Тойчиев аз таъсири натоиҷи аломатгузории байни марзи Тоҷикистону Чин ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардуми минтақа изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки аломатгузорӣ дар тӯли хати марз қабл аз ҳама ҳолати сокинони Рангкӯлро танг карда, онҳоро аз 70 дар сади чарогоҳҳо маҳрум месозад. Аломатҳои нави марзӣ, ки ба дунболи анҷоми фаъолияти комиссияи муштараки Тоҷикистону Чин соле қабл гузошта шудаанд, аз маҳал ва дидбонгоҳҳои марзӣ ҳамакнун ҳамагӣ дар фосилаи чаҳор километр қарор гирифтаанд. Қаблан, дурии хати марз аз маҳал аз 15 то 50 километрро ташкил медодааст.


Омӯзгори фанни ҷуғрофияи мактаби Рангкул Мақсадбек Айтек мегӯяд, басташавии пурраи хати марзи навтаъиншуда, ки дар тӯли ду соли оянда дар назар аст, аз 46 дарае, ки алҳол сокинон дар он чорвояшонро нигоҳубин мекунанд, 37-тои ин дараҳо дар ихтиёри Чин қарор хоҳанд дошт. Сокини маҳал, муаллимаи забони тоҷикии мактаби Рангкӯл Саломат Одинаева мегӯяд, ки барои аҳолии ин ҷо, ки шуморашон ба 1,5 ҳазор нафар мерасад, чорводорӣ ягона манбаъи даромад мебошад. Ӯ мегӯяд, дар ин ҷо меваю сабзавот, дарахт нест ва ин ҷо қариб чаҳор фасл зимистон аст. Мақсадбек Айтек мегӯяд, ҳамчунин, маъодини тилло ва кони намак дар он тарафи хати марз мемонанд. Сокинон мегӯянд, ки бино ба танг шудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ маҷбуранд, дар оянда ба ҷои дигар кӯч банданд. Аммо намояндагони мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки таъини хати марз масъалаи ҳалшуда буда, фақат иҷроиши он боқӣ мондааст ва барои ташвишу изтироби сокинон ҷой боқӣ нест, зеро онҳо метавонанд чарогоҳҳоро дар дигар нуқоти Мурғоб пайдо кунанд.


Ёдовар мешавем, бино бар як қарордоди байни сарони Тоҷикистону Чин дар соли 2001 дар Пекин як ҳазор километри мураббаъ замини Тоҷикистон ба Чин дода шуд. Намояндагони мақомоти кишвар гуфтаанд, ки ҳудуди ба Чин додашуда кӯҳсор, душворгузар ва дар минтақаи бетарафи марзӣ ҷой дорад. Аммо ба фикри мутахассисон, натанҳо қисми маъодини тилло, намак ва сангҳои гаронбаҳои Рангкӯл дар тарафи Чин қарор гирифт ва ҳузури як ширкати инглисиро, ки ба истихроҷи кони тиллои Рангкӯл мароқ зоҳир карда буд, зери суол гузошт, балки дар дигар нуқоти душворгузар низ олами наботот ва ҷонварони нодир ба Чин тааллуқ гирифт
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Рангкӯл, Мурғоб
XS
SM
MD
LG