Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироаи кӯмакҳои Ҷопон ба Тоҷикистон


Ҳукумати Ҷопон бо ҳадафи бунёди чаҳор маркази омӯзишӣ ва дастгирии соҳоти беҳдоштӣ, кишвоарзӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон маблағе беш аз ҳафтсад ҳазор доллар тахсис дод.


Самариддин Баҳриддинов, як масъули сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар тавзеҳи ин хабар гуфт, қарор аст, дар чаҳор гӯшаи Тоҷикистон марказҳои омӯзишӣ ва рушди кишоварзӣ таъсис ёбанд ва дар давоми фаъолияти хеш ин марказҳо метавонанд аз кӯмаки ҳукумати Ҷопон баҳравар бошанд. Ҳадаф аз ироаи ин кӯмакҳо, бино бар ҳарфи ҷаноби Баҳриддинов, баланд бардоштани донишу малакаи кишоварзон дар самти истифодаи самараноки замин будааст.


Ҳамчунин, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хидматрасонии тиббӣ ва таълиму тарбия дар Тоҷикистон, Ҷопон барои харидории таҷҳизоти тиббӣ барои беморхонаи марказии Сарраёсати ҳифзи сарҳади давлатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, беморхонаи Кумитаи изтирорӣ ва таъмири бинои Кумитаи ҷавонон дар Душанбе ва як мактаби миёна дар ноҳияи Исфара иқдом намудааст.


Маросими имзои қарордодҳое дар мавриди ироаи ин кӯмакҳо дар шаҳри душанбе баргузор шуд. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 ба ин сӯ, дар чаҳорчўби кўмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои иҷтимоии ҳаҷман хурд 199 лоиҳаи кўмакҳои башариро бо маблағи умумии 12,391,416 $ дастгирӣ намудааст.
XS
SM
MD
LG