Пайвандҳои дастрасӣ

Пентагон: "Дар Ироқ ҳамлаҳо бештар шудааст"


Вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, ки шумораи ҳамлаҳо дар Ироқ дар се моҳи гузаштаи соли 2006 назар ба ҳамин давраҳои се соли ахир бештар шудааст.


Дар гузориши Вазорат ба конгресси Амрико омадааст, агарчӣ тамоми ҳамлаҳо мустақиман ба зидди нерӯҳои эътилофӣ равона шудаанд, аммо аксарияти қурбониён мардуми осоиштаи Ироқ будаанд.


Танҳо дар моҳи декабри соли 2006 дар хушунатҳои мазҳабӣ дар Ироқ 1300 нафар кушта шудаанд.


Ва артиши Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки се сарбози онҳо дар вилояти Диёлои Ироқ ҷони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG