Пайвандҳои дастрасӣ

Гаравгони итолиёвӣ дархости озодӣ дорад


Як рӯзноманигори итолиёвӣ, ки дар Афғонистон ба асорати тундравон афтодааст, аз ҳукумати Итолиё даъват кард, ки дар амри раҳоиаш мусоидат намояд.


Навори видеоие, ки дар як телевизиони Итолиё намоиш додаанд, далели нахустин доир ба зинда будани Даниел Мастрогиакомо мебошад.


Гурӯҳи Толибон масъулияти рабудани хабарнигори итолиёвиро ба ӯҳда гирифтааст. Ӯро дар нӯҳ рӯзи пеш дар вилояти Ҳилманд рабуданд.


Тундравон талаб доранд, ки Итолиё 1900 сарбози худро аз Афғонистон хориҷ кунад, талабе, ки ба гуфтаи давлати Итолиё иҷро нахоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG