Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластиниҳо мегӯянд, ҳукумати ваҳдати миллиро комил карданд


Мақомоти созмонҳои фаластинии Ҳамос ва Фатҳ мегӯянд, ки ҳукумати ваҳдати миллии Ташкилоти худгардони фаластинӣ пурра ташкил шудааст.


Ба гуфтаи мақомот, раиси ҷумҳур Маҳмуд Аббос ва Исмоил Ҳония, нахуствазири фаластиниён тавофуқ кардаанд, ки порлумон барои тасдиқи аъзои ин ҳукумат рӯзи шанбе раъй диҳад.


Фаластиниён умедворанд, ки ин ҳукумат ба мухолифату муноқишаи миёни созмони дунёвии Фатҳ ва созмони тундрави Ҳамос хотима медиҳад ва ҳамчунин сабаби аз байн бурдани таҳримоти ирсоли кумакҳои молӣ ба ташкилоти худгардони Фаластин мешавад.
XS
SM
MD
LG