Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳо бар зидди сигорҳо


Раиси ҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бо имзои як қонун сигоркашӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, бемористонҳо ва кинотеатрҳо, муассисаҳои варзишӣ ва осорхонаҳоро мамнӯъ кард.

Бар асоси ин санад дар ресторану барҳо бояд ҷойҳои махсуси сигоркашӣ бошад.

Ҳар касе, ки ин қонунро риоят намекунад, яъне дар он ҷойҳо сигор мекашад, ҳашт доллар ҷарима хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG