Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлати Эрон филми ҳолливудиро маҳкум кард


Давлати Ирон филми нави Ҳолливуд мавсум ба "Сесад"- ро маҳкум карда гуфт, ин филм, ки достони як набарди сахти 2500 соли пеши форсҳову юнониҳост, як ҷанги фарҳангӣ ва равонӣ ба зидди Ирон мебошад.


Сухангӯи ҳукумати Ирон Ғуломҳусайн Илҳом рӯзи чаҳоршанбе дар ин бора дар Теҳрон як баёния нашр кард.


Пештар низ давлати Ирон ин филмро тавҳин ба ирониҳо хонда буд.


Достони филм доир ба он аст, ки чӣ гуна юнониҳо бо раҳбарии шоҳ Леонидас ҳамлаи нерӯҳои якмиллионафарии артиши Хашиёршоҳ, яке аз шоҳони сулолаи Ҳахоманишиҳоро баргардонидаанд.
XS
SM
MD
LG