Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон: Омодагии мухолифон ба тазоҳурот


Шиъори тазоҳуркунандагон нав нест. Онҳо ворид овардани ислоҳот дар Қонуни Асосии кишварро тақозо мекунанд. Вале Ҷабҳаи Муттаҳид, яъне гуруҳи нави мухолифон ҳамчунин гуфтааст, ки Қурмонбек Боқиев бояд аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ зудтар истеъфо диҳад. Оё чунин вазъ такрори торих аст ё он сафҳаи дигаре дар муборизаи мардуми қирғиз аст, ки мехоҳанд низомро дар кишварашон тағир диҳанд?


Ҷабҳаи Муттаҳид барои ояндаи беҳтарини Қирғизистон рузи душанбе изҳороте пахш кард. Азамат Калман-сухангуи ин блоки нави мухолифон, яъне Ҷабҳаи Муттаҳид ба радиои Озодӣ чунин гуфт:


"Ситоди Ҷабҳаи Муттаҳид тавассути матбуъот изҳорот пахш кард. Дар изҳороти мо омадааст, ки тазоҳурот 9-уми апрел дар вилоятҳо оғоз мешавад ва ҳамин гуна тазоҳурот 11-уми апрел дар Бишкек-пойтахти Қирғизистон шуруъ мешавад".


Раҳбарии Ҷабҳаи Муттаҳидро Феликс Қулов-нахуствазири пешин бар уҳда дорад. Вай ин ҷабҳаро моҳи феврал таъсис дод, баъд аз он ки Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳур ду дафъа номзадиии вайро ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ кард ва порлмаон онро напазируфт. Дафъаи севвум Боқиев аз номзадии Қулов сарфи назар кард.

Дар изҳороти рузи душанбеи Ҷабҳаи Муттаҳид омадааст, ин ҷабҳа мухолифи тасарруфи қудрат аз тарафи як нафар аст. Дар ин маврид Ҷабҳаи Муттаҳид президент Боқиевро дар назар дорад. Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, ки Ҷабҳаи Муттаҳид ба ришвахорӣ дар дохили ҳукумат, тасарруфи дороӣ тавассути хонаводае, ки дар сари ҳукумат аст, ҷорӣ кардани назорат бар бахшҳои даромаддиҳандаи иқтисод ва фишор ба тиҷорати хусусиву маҳдудияти матбуъот мухолиф мебошад. Қулов гуфтааст, ҳадафҳои инқилоби ранга, ки ду соли пеш Аскар Оқоевро аз раҳбарият дур кард, амалӣ нашуд ва сабаб он аст, ки раҳбарияти кишвар дар сатҳи олӣ моил ба анҷоми ислоҳот дар Қонуни Асосӣ нест.

Ҷабҳаи Муттаҳид танҳо гуруҳи мухолиф нест, ки ислоҳоти Қонуни Асосиро тақозо мекунад. Ҷунбиши Барои Ислоҳот яке дигар аз нируҳои мухолиф аст, ки моҳи ноябри соли гузашта бузургтарин тазоҳуроти зидди давлатиро созмон дод. Дар ин тазоҳурот беш аз 20 ҳазор нафар ширкат доштанд. Онҳо низ хостори ислоҳот дар Қонуни Асосӣ буданд. Ин тазоҳурот як ҳафта давом кард ва мисли ин ки натиҷа дод. 8-уми ноябр порламон ислоҳот дар Қонуни Асосиро ба тасвиб расонд ва рузи дигар онро президент Боқиев имзо кард. Тибқи ин ислоҳот баъзе салоҳиятҳо аз раиси ҷумҳур гирифта шуд, вале дар поёни сол ҷонибдорони раиси ҷумҳур дар порламон иловаҳо ба Қонуни Асосиро ба тасвиб расонданд ва бештари салоҳиятҳо дубора ба раиси ҷумҳур баргашт.

Ҳоло Ҷунбиши Барои Ислоҳот мехоҳад мардум дубора раиси ҷумҳурро водор созанд, ки тағироти Қонуни Асосиро бипазирад. Омурбек Абдураҳмонов-узви Ҷунбиши Барои Ислоҳот дар бораи барномарезиҳои ҷунбиш дар моҳи апрел чунин мегуяд:


"Худи мардум дар ноҳияҳо даъват кардаанд, ки рузи панҷум ё шашуми апрел мулоқотҳо баргузор шавад. Мо Ҷунбиши Барои Ислоҳот розӣ шудем ва ин ташаббусро дастгирӣ мекунем. Роҳпаймоиҳо панҷум ё шашум дар вилоятҳо оғоз мешавад ва 11-уми апрел дар хиёбони марказии Бишкек бо номи Ала-Тоо идома пайдо мекунад. Дар ин тазоҳурот мардум на танҳо аз Бишкек, балки аз вилоятҳои Чу ва Ҷалолобод низ ширкат хоҳанд дошт. Мо умедворем, ки шумораи одамон нисбат ба тазоҳуроти ноябр ду баробар хоҳад буд".


Ду гуруҳи мухолифи давлат, яъне Ҷабҳаи Муттаҳид ва Ҷунбиши Барои Ислоҳот аз ҳам ҷудо фаъолият мекунанд, бо вуҷуди он ки миёни онҳо гоҳо табодули афкор сурат мегирад ё баъзе шахсиятҳои маъруф узви ҳар ду гуруҳ ҳастанд. Масалан, Омурбек Тикебоев-раҳбари Ота-Макон аз ҷумлаи чунин шахсиятҳост. Тафовути миёни ин ду гуруҳ он аст, ки Ҷунбиши Барои Ислоҳот ба таври расмӣ истеъфои қабл аз муҳлати президент Боқиевро тақозо намекунад, мисли ин ки Ҷабҳаи Муттаҳид ин масъаларо ба миён ниҳодааст. Вале Ҷунбиши Барои Ислоҳот ҳафтаи гузашта изҳор дошт, ки агар раиси ҷумҳур дар Қонуни Асосӣ ислоҳот ворид накунад, дар он сурат ин ҷунбиш масъалаи истеъфро пеш хоҳад кашид.


Рузи душанбе Марат Каипов-вазири адлияи Қирғизистон гуфт, дархостҳо дар бораи истеъфои қабл аз муҳлати раиси ҷумҳур ё баргузории интихоботи қабл аз муҳлат появу асос надорад:


"Дар чунин ҳолат Қирғизистон ба унвони як кишвар эътибори худро аз даст медиҳад. Марум дар баробари маҳофили байналмилалӣ беэътибор мешаванд. Чаро? Барои он ки баъд аз ислоҳот дар Қонуни Асосӣ салоҳиятҳои раиси ҷумҳур афзоиш наёфт, баръакс маҳдуд шуд. Мо дар ҳоле масъалаи интихоботи қабл аз муҳлати раёсати ҷумҳуриро матраҳ мекунем, ки агар салоҳияти вай нисбат ҳоло бештар бошад. Вале ин тавр нест".

Каипов мегуяд, мухолифон дархостҳои худро бояд дар чаҳорчубаи қонун матраҳ кунанд. Вале мухолифон аз ҳар ду гуруҳ мегуянд, тазоҳурот ва роҳпаймоиҳоро то замоне идома медиҳанд, ки дархостҳояшон иҷро шавад.
XS
SM
MD
LG