Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раддияи Сафорати ИМА аз "Shadow wolves"


Сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабари расонаҳои Русияро дар мавриди ин,ки гурӯҳи афсарони мавсум ба "шабаҳгургон"-и Хадамоти гумрук ва муҳоҷирати Департаменти амнияти дохилии Амрико барои боздошти Усома Бин Лодан аз Тоҷикистон ба Афғонистон убур карда бошанд, беасос шуморид.


Ин матлаб дар баёнияи интишор додаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон зикр шудааст.
Нур Умаров масъули дафтари матбуъотии Амрико дар Тоҷикистон дар ин робита гуфт: «Баъзе расонаҳо овоза кардаанд, ки гурӯҳи шабаҳгургони (shadow wolves)-и Хадамоти гумрук ва муҳоҷирати Департаменти амнияти дохилии Амрико пас аз омӯзиш додани марзбонони тоҷик барои боздошти Бин Лодан ба Афғонистон рафта бошанд, ҳол он ки ин хабарҳою овозаҳо ҳеҷ асосе надорад».






Дар ҳамин ҳол дафтари матбуъоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки беш аз як моҳ гуруҳи шабаҳгургони Амрико дар размоишгоҳи Лоҳур, 30 километрии пойтахти Тоҷикистон ба афсарони марзбонии ин кишвар роҳҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҷилавгирӣ аз еҳтимоли вуруди гурӯҳҳое,ки бо қочоқи маводи мухаддир машғуланд ва дар масъалаи пешгирӣ аз ҳар гуна маводи даҳшатафканӣ ба қаламрави Тоҷикистонро омузиш доданд.






Дар ҳоли ҳозир роҷеъ ба ин, ки гурӯҳи Шабаҳгургони Хадамоти гумрук ва муҳоҷирати Департаменти амнияти дохилии Амрико ба кадом самт ҳаракат кардаанд иттилои дақиқе вуҷуд надорад.


Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG