Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA - 127-ум


FIFA - Федеросиюни байнулмилалии футбол рейтинги нави тимҳои миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард.

Аргентина миёни 207 кишвари аъзои FIFA ба зинаи аввал баромад. Итолиё - қаҳрамони феълии футболи ҷаҳон ба зинаи дувум ва Бразил низ як зина поинтар - ба ҷойи севум фуромаданд. Ҳамчунин миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон Фаронса, Олмон, Инглистон, Ҳолланд, Португол, Ҷумҳурии Чех ва Испаниё ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA мавқеашро дар ҷойи 127-ум нигаҳ дошт ва дар байни 45 кишвари қораи Осиё мисли пешин дар мақоми 21-ум мебошад. Вале Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ як зина поинтар - ба ҷойи дувоздаҳум фуромад ва аз Қазоқистон (143-ум), Қирғизистон (145-ум) ва Туркманистон (158-ум) пеш аст.

Ирон, ки беҳтарин тими миллии қораи Осиё маҳсуб мешавад, ду зина поинтар - ба ҷойи 34-ум ва беҳтарин тими миллии Осиёи Марказӣ - Узбакистон се зина поинтар - ба ҷойи 53-ум фуромаданд.

Укроин миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввал аст ва мавқеашро дар зинаи 11-ум нигаҳ дошт. Русия дар рейтинги ҷаҳонии футбол чаҳор зина болотар - ба ҷойи 23-ум баромад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG