Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қонуни мубориза бо терроризм такмил шуд


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ниҳодҳои давлатии мубориза алайҳи терроризмро дар қонунгузории ин кишвар мушаххас кардааст. Ва барои аввалин бор дар радифи ин ниҳодҳо исми Оҷонсии тозатаъсиси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо ҷароими иқтисодӣ низ зикр шудааст.





Раъно Каримова - вакили Маҷлиси намояндагон,ки ҷузъиёти ислоҳоти ворида ба Қонуни мубориза бо терроризми Тоҷикистонро ба вакилон тавзеҳ мекард, гуфт,ки пас аз тасвиби ин қонун дар соли 1999 Тоҷикистон ба як идда аз асноди ҳуқуқӣ ва меъёрии байналмилалии мубориза бо терроризм имзо гузоштааст,ки уҳдадорӣ ва вазоифи нав дар сатҳи байналмилалро аз ин кишвар тақозо мекунад.





Аз сӯи дигар дар ин миён Қонуни асосии кишвар низ дар пайи як ҳамапурсӣ тағйир ёфта, зарурати ҳамоҳангии қонунҳои соҳавӣ ба он ногузир шудааст. Ҳамчунин дар пайи ислоҳоти сохтори идории давлати Тоҷикистон масъулият ва ваколати ниҳодҳои қудратии ин кишвар тағйир ёфт. Хонум Каримова афзуд,ки тағйири феҳристи ниҳодҳои масъули мубориза бо терроризм танҳо бо изн ва таъйиди қонун сурат мегирад.






Дар ҳамин ҳол Абдуманнон Холиқов-раиси кумитаи амният ва дифоъи Маҷлиси Намояндагон далели ҳамроҳ кардани Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо ҷароими иқтисодии ин кишвар ба ниҳодҳои мубориза алайҳи терроризмро дар мавҷудияти иртибототи бонкӣ миёни гурӯҳҳои террористӣ ва сармоягузории ин гурӯҳҳо ва аъмоли хушунатзои онҳо марбут донист.






Аммо дар мавриди ба ин ниҳодҳо шомил нашудани Оҷонси мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон оқои Холиқов гуфт, ба дӯши ин ниҳод масъулияти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир вогузор шудааст, вале имкон дорад дар тарҳи қонуни маблағгузории терроризм, ки ҳамин ҳоло мавриди баррасии порлумон қарор дорад, ин ниҳод низ ворид карда шавад. Зеро дар бештари маворид гурӯҳҳои террористӣ тавассути маблағҳои гурӯҳҳои мафиозии қочоқбари маводи мухаддир таъмини молӣ мешаванд.


Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG