Пайвандҳои дастрасӣ

Зайд Саидов: "Ман хабар надоштам, ки аз вазифа рафтаам"


Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Зайд Саидов - собиқ вазири саноати Тоҷикистон.

Шумо тайи беш аз ҳафт сол раҳбарии сиёсати давлати Тоҷикистон дар бахши саноатро ба ӯҳда доштед. Ба андешаатон, дар ин муддат арсаи саноати кишвар ба чӣ тағйирот ва муваффақиятҳое даст ёфт?

Ба кор омадани мо дар бахши саноати кишвар бо сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон рост омад. Ин замоне буд, ки иқтисоди мо марбут ва вобаста ба иқтисоди собиқ Шӯравӣ буд. Фаҳмиши кормандони саноат ва касоне, ки ба ин соҳа дар он солҳои истиқлолият фаъолият мекарданд низ ба ҳамон таври пешина буд, ки албатта вазъи ноорми ҷумҳурӣ низ дар ин росто беасар набуд. Аз ин хотир мебоист дар бораи иқтисодиёти миллӣ , дар бораи муносибатҳои нави иқтисодӣ яъне иқтисоди бозорӣ бештар таваҷҷӯҳ бештар карда мешуд.
Хушбахтона, истиқрори сулҳу субот дар кишвар ва сиёсати ҳукумат ба он равона шуда буд, ки мо иқтисоди миллии худ ва аз он ҷумла саноати миллии худро бисозем. Бо пайдо шудани амният дар кишвар ва фазои хуби сармоягузорӣ дар бисёре аз бахшҳои саноати кишвар мувафақият ба даст оварда шуд.
Аз он ҷумла, корхонаҳои зиёде дар бахши саноати маъдан, дар бахши коркарди нахи пахта, бофандагӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳамчунин дар саноати кимиё, саноати маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди металҳо ва дигар бахшҳои саноат бо ширкати сармоягузорони хориҷӣ ва бо фаъолияти як қатор соҳибкорони дохилӣ мо тавонистем номгӯи маҳсулоти саноатиро афзуда ва фурӯши онро дар шакли маҳсулоти тайёри саноатӣ дар бозори ҷаҳонӣ таъмин намоем.
Корхонаҳое дар бахши истихроҷ ва тавлиди маъдан ба монанди корхонаи муштараки «Апреловка», корхонаи маъдантозакунии «Анзоб», корхонаи Адрасмон, корхонаи Олтинтопкан, ки ба истихроҷи сурбу нуқра машғул мешавад кори худро бо муваффақият пеш бурданд. Дар бахши кимиё корхонаи Тоҷиказот бо таҷҳизоти ҷадид муҷаҳҳаз шуд, ки ҳатто аз иқтидори дар замони шӯравиаш ҳам метавонад маҳсулоти бештарро тавлид кунад.
Ҳамчунин корхонаҳо дар бахши саноати бофандагӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Корхонаи дӯзандагии маъруф ба 50- солагӣ дар Душанбе, ки солҳои дароз аз фаъолият бозмонда буд бо таҷҳизоти итолиёвию ҷопонӣ оғоз ба фаъолият намуд.


Албатта дар ин муддат маоши кормандони бахши саноат низ тағйир ёфт?

Тибқи маълумоти омори расмӣ, ки дар даст дорем ҳадди ақали маоши кормандони соҳаи саноат ҳатто аз соҳаи мухобирот ва дигарон дида хеле бештар аст. Ман гуфта метавонам, ки дар муқоиса бо солҳои 97-98 дар ин муддат маоши коргарон то бист маротиба зиёд шудааст.

Шумо дар роҳи рушд ва равнақи арсаи саноати Тоҷикистон кадом мушкилотро аслӣ ва ҷиддӣ меҳисобед?

Тоҷикистон захираҳои бештари рушди саноатро доро аст. Чӣ аз захоири табиӣ ва чӣ аз нерӯи зеҳнӣ. Вале мутаассифона, чанд мушкиле ҳаст, ки онҳоро ҳам нагуфтан нашояд. Монеъаи асосии рушди саноат ин нарасидани захираҳои энергетикӣ буд. Ҳамон корхонаи «Тоҷиказот»-е,к и ҳоло зикраш рафт иқтидори лоиҳавии 200 ҳазор тонна карбамитро дорад, ки ин миқдор бозори дохилиро комилан таъмин карда ва боз қисми зиёди онро метавон ба хориҷи кишвар содир кард. Ман бояд ҳаминро ҳам қайд кунам, ки ду соли охир интиқоли гоз ва барқ назар ба се- чаҳор сол муқаддам бамаротиб мушкилтар шуд. Ва ҳаминро бояд зикр кард, ки корхонаи саноатӣ наметавонад мавсимӣ бошад.
Мушкилии дигаре, ки ман чӣ дар давраи фаъолияти кориам ин масъаларо доимо пайгирӣ мекардам ва бисёр нофаҳмии ман дар доираи кори худи ҳукумат бо як қатор вазирони ба истилоҳ блоки иқтисодӣ низ дар ҳамон буд, ки андозбандие, ки мувофиқ ба он камбудиҳо норасоии захоири энергетикӣ, дурии кишвари мо аз бозори ҷаҳонӣ ва бандарҳо ва паст будани сатҳи зиндагии мо ва мувофиқ ба ин паст будани қобилияти харидории шаҳрвандонамон дар кишвар буд ва имрӯзам ин идома дорад, ба вазъи истеҳсолот ва рушди он мусойидат намекунад. Ва ман бисёр таассуф мехӯрам, ки дар бахши иқтисодии кишварамон шахсоне масъул ҳастанд, ки ин масъаларо на аз назари иқтисодӣ баҳо медиҳанд, балки бештар баҳои молиявӣ медиҳанд. Барои онҳо имрӯза хазинаи давлат ва имрӯза қисмати даромади буҷаро пур кардан афзалият дорад аз он ки рушди иқтисодиро таъмин кунем. Аз ин мавқеъи ман хушбахтона роҳбари давлатамон, ки доимо аз ҷониби он кас мавқеъи ман ва назари ман пуштибонӣ мешуд ва дастгирии зиёд ёфта будам ва бисёр санадҳои ҳуқуқиву меъёрие буданд, ки баъдан амалӣ шуданд ва онҳо фазои истеҳсолӣ фазои фаъолиятро фароҳам карданд. Вале ҳанӯз ҳам мушкилиҳо дар ин бахш хеле зиёд аст.


Аз он таҷрибае, ки дар тайи фаъолияти кориатон ҳосил кардед ва тамоми соҳоти саноати Тоҷикистонро тақиқ кардаед мешавад гуфт, ки кадом машварат ва маслиҳатеро ба масъулини имрӯза дода метавонед?

Аз рӯзи аввале, ки ҷаноби Шералӣ Гулов ба мансаби вазири энергетика ва саноатӣ таъин шуданд дар мулоқоти нахустине, ки доштем ба он кас дӯстона иброз доштам, ки агар хидмати ман ё он таҷрибае, ки аз кор дар бахши саноат чӣ дар замони то аъзои ҳукумат будан ва чи дар ин давра андӯхтаам лозим бошад ман омодаам ба ҳайси як мушовири ҷамъиятӣ барои рушди иқтисод ва саноатӣ кишварамон дареғ надорам. Ва ин иртиботи мо дӯстона то ҳоло идома дорад.

Ба ҳайси як нафаре, ки солҳои зиёд дар ҳукумат ифои вазифа кардааст, нақши сарвазирро дар сохтори имрӯзаи давлат чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Зеро ба эътиқоди бештари коршиносон сарвазир имрӯз як мақоми рамзӣ ва ба хотири қаноат додани як минтақаи муайян аст ва ӯ ҳеҷ иқдомеро мустақилона амалӣ карда наметавонад.

Умуман сохторе, ки имрӯз дар мо вуҷуд дорад агар сухан дар бораи ин гуна сохтор ва ин гуна сарвазир равад назари ман ин аст, ки сарвазир нақши хеле муҳимеро, ҳеҷ набошад дар арсаи иқтисодии кишвар бозида метавонад. Ва иҷрои ин ё он амал, иҷрои ин ё он рисолати сарвазирӣ аз худи шахс вобаста аст. Сарвазир касе ҳаст, ки бо роҳбари давлат наздиктар метавонад дар бораи ин ё он масъала ё ин ё он барнома ва дар бораи ин ё он лоиҳа ҷиҳатҳои мусбӣ ва муфид будани онро расонад ва дастгирӣ ёбад. Аз таҷрибаи худ медонам, ки роҳбари давлати мо ҳам ягон масъалаи мушаххасе, ки агар он ба манфиати кор бошад ҳеҷ гоҳ аз он сарфи назар намекунад. Ин як паҳлӯи масъала ҳаст. Агар сарвазире бошад, ки ҳалли масъала ва амалӣ шудани сиёсати роҳбари давлатро вазифаи худ қарор диҳад, метавонад дар сиёсати иқтисодии ҳукумат ва президент нақши бисёр хубу босамар дошта бошад. Вале дар масъалаи он ки ҷаноби Оқилов чӣ гуна нақш дорад ман инро дар вақти фаъолиятам ҳам борҳо иброз дошта будам ва шахсан ба ҷаноби президент ҳам нуқтаи назари худамро иброз дошта будам. Ва ҳанӯзам нуқтаи назари ман нисбати фаъолияти сарвазир дар бахши иқтисодии кишвар тағйир наёфтааст. Аз он ки намояндагии ин ё он минтақаро иҷро мекунад, ин ҳам аз лаёқат ва кордонии худи шахс вобаста аст. Ман шахсонеро дар давраи фаъолиятам медонам, ки дар ҳукумат бо манфиати иқтисоди бозорӣ кор мекарданд, вале аз ҳамон иқтисоди нақшавии гузашта орзу мекарданд.

Шумо тибқи саҳмияи сидарсадии ИНОТ ба вазифа пешниҳод шуда будед ва бо барканории Шумо ва Мирзо Зиёев дар ҳукумат дигар намояндагони мухолифин боқӣ намонданд. Аз нигоҳи Шумо набуди намояндагони мухолифин дар ҳукумат кадом паёмаде дошта метавонад?

Мавқеъи худро, агар боиси ранҷиши касе ҳам набошад, метавонам рӯирост иброз кунам, ки баъд аз ба ҳукумат ворид шудан ман дигар аз кадом гурӯҳ, бо пешниҳоди кӣ ба ин ҳукумат ворид шуда будам, ё ин ҷо кадом манфиатҳое истода буданд, фаромӯш карда будам. Ман танҳо як манфиатро вазифаи худ қарор дода будам, ки он ҳам бошад хидмат кардан ба миллат ва давлати Тоҷикистон буд, давлати ягона буд. Имрӯз ҷойи нороҳатӣ ҳам надорам, ки ман ҳамавақт сиёсати иқтисодии роҳбари давлатро дар бахши иқтисодии кишвар он қадар, ки мефаҳмидам ва он қадар, ки дар салоҳияти ман буд ,иҷро кардаам. Назари ман ин аст, ки баъди интихоботҳо роҳбари давлат ва тибқи тамоми мантиқу меъёр роҳбари давлат аст ва касе ҳаст, ки аз дидгоҳ ва нигоҳи худ ҳукумат барои худаш таъин мекунад ва ҳамин гуна сиёсат мебарад.

Шумо ба кори ҳизбӣ ва сиёсӣ баргаштанӣ нестед?

Ман имрӯз, ки барномаҳои зиёди тиҷоратӣ, аниқтараш барномаҳои зиёди истеҳсолӣ дорам, ният дорам, ки ба ин корҳо сарукор бигирам ва имрӯз пайвастан ба ин ё он ҳизб ва пайвастан ба ин ё он сиёсат мақсади ман нест. Фикр мекунам, ки ман бештар ба корҳои истеҳсолоту тиҷорат ва он корҳое офарида шудаам, ки бояд ман онҳоро анҷом диҳам.

Огаҳ шуда будед, ки аз вазифа озод хоҳед шуд ё аз тариқи расонаҳо ин хабарро шунидед?

Аз он ки огаҳ будам ё набудам барои аз вазифа барканор шудан ҳақиқатро мегӯям, ки ман умедвор будам ва махсусан баъди он ки роҳбари давлатамон бисёр ҷиддан қасам ёд кардан ва ман ҳамон рӯзҳо аз ҳарчӣ дида бештар мехостам, ки дар як бахши аз ҳама мушкил содиқона аз сиёсати роҳбари давлат пуштибонӣ карда дар бахши вазнини иқтисодиёти ҷумҳурӣ фаъолияти корӣ дошта бошам. Танҳо мақсади ман хидмат ба давлат ва сиёсати роҳбари давлат буд.

Албатта ман хабар надоштам, ман дар сафари корӣ будам, ки аз ин чиз бохабар шудам. Вале бояд ҳаминро ҳам гӯям, ки ман инро хеле хуб қабул кардам ва касоне, ки ҳамон ҳолат маро мушоҳида карданд, ҳатто боварашон намеомад. Сабаб он буд, ки умеде доштам, ки барои ман вазифае ҷиддитар пешниҳод мешавад. Бояд ман гӯям, ки ман ҳеҷ вақт бекор набудам ва хушбахтона ҳоло бештар шудааст.


Оё ягон мақом ё мансаб баъди аз кор рафтан ба шумо пешниҳод шуд?

Аз бахши мушовири кадрӣ телефонӣ ба ман пешниҳод шуд, ки ба ин ё он мақоми раиси ноҳия розигӣ диҳам ва ба кор шурӯъ кунам. Вале ман бисёр дӯстона ва боэҳтиромона аз ин худдорӣ кардам.

Дар ҳоли ҳозир ба чӣ кор машғул ҳастед?

Ҳамон рӯзе, ки ман бохабар шудам барномаи кории худро мушаххас кардам. Хеле корҳои зиёд дорам:- ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ. Ва хушбахтона, дар хориҷи кишвар ҳам ба корҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ сарукор дорам. Мақсади асосии ман ташкили ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ дар дохили кишварамон аст. Шояд аз бисёриҳо дида мусофирати корӣ ва ҷойи кор доштан дар хориҷи кишвар шиностар аст ва тибқи барномае, ки пеши худ вазифа гузоштаам бовар дорам, ки иншооллоҳ ботадриҷ ба он мувафақ мешавем. Эътимоде, ки имрӯз ба мо аз хориҷ ҳамкорони мо доранд боис хоҳад шуд,ки ҳеҷ гуна маҳдудияти маблағ вуҷуд надошта бошад,то мо ба Тоҷикистон ҷалб намоем. Вале боз фаъолияти дурусти ин корхонаҳо, фаъолияти дурусти ин ширкатҳо аз фазои муносиб вобастагии калон дорад. Дар хориҷи кишвар ҳам имрӯз пешниҳоди хеле ҷолиб дорам, ки фаъолияти истеҳсолии худро дар он ҷо идома диҳам ва рӯзи ҳабдаҳуми моҳи март дар шаҳри Маскав бо чанд ширкати байналмилалӣ на танҳо дар доираи ин ё он кишвар ё Русия ё кишварҳои урупоӣ ,балки ширкатҳои хеле дар арсаи байналмилалӣ шинохта , ки сармояи бузург доранд, ба кори хеле ҷиддӣ даъват шудаам ва баъдан муайян мешавад ,ки фаъолияти худамро дар Маскав ё дигар шаҳр ё бештар дар шаҳри Душанбе, ки шаҳри азизи ман ва кишвари азизи ман аст, иншоолоҳ тавонам, ки дар ин ҷо ба корҳои созандагиву истеҳсолӣ сарукор бигирам.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG