Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тӯраҷонзода: «Лағви парвандаҳо андешаи Нурӣ буд»


Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода - узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон Ҳафтаи гузашта дар Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасте бахшида ба шастумин солгарди таваллуди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ -раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раиси собиқ Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон суханронӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода - узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон хоҳиш кард,ки бахшида ба даҳумин солгарди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ як бори дигар раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои размандагони пешини оппозисиюн,ки солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд қонуни афвро татбиқ карда ва низ барои маҳви парвандаҳои ҷиноии роҳбарони пешини оппозисиюн дар бойгониҳои мақомоти интизомӣ иқдом кунад. Чаро чунин хоҳиш ба вуҷуд омадааст ва он чӣ зарурат дорад? Инак посухҳои Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода:

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Аслан, мавзӯи ин пешниҳодот дар Ғарм дар рӯзҳои ҷашни 9 -солагии иди Ваҳдат ба миён омада буд. Мо бо устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва чанде аз дӯстони дигар дар ин ҷамъомад дар якҷо нишаста будем ва мавзӯи афви размандагони собиқ ва баъзе аз дӯстонро ,ки дар зиндонҳо ҳастанд матраҳ кардам.Гуфтам, устод хуб мешуд ба муносибати даҳсолагии ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ барои он бародароне,ки дар зиндонҳо ҳастанд бори дигар афв шавад. Он кас ин пешниҳодро ба хушӣ қабул карда ҳамзамон гуфтанд,ки бисёр хуб мешуд ҳамон парвандаҳое,ки бар муқобили роҳбарони оппозисиюни пешин бар муқобили моён ва дигар намояндагони оппозисиюн ҳаст нобуд карда шавад.Ҳаминро ҳам пешниҳод мекардед хуб мешуд. Аслан ин идея - идеяи устод Нурӣ буд.

Баъд ин пешниҳодҳоро муҳокима карда ба чунин хулоса омадем, ки ба муносибати даҳсолагии имзои сулҳ ҷаноби раиси ҷумҳурӣ як афви нав, афви навбатӣ дар бораи он аъзои Иттиҳодияи оппозисиюн- собиқ размандагони иттиҳодияи оппозисиюн ,ки дар зиндонҳо ҳастанд,хуб мебуд, қабул кунанд. Албатта,шояд баъзеи онҳо гунаҳкоранд, баъзеашон аз хушунат дертар даст кашиданд, яъне баъди имзои сулҳ ҳам мутаассифона корҳои зиддидавлативу зиддиҳукуматӣ идома доштанд .Мо гуфтем онҳо инак мӯҳлатҳои дароз аст,ки дар зиндонҳо ҳастанд:- шояд якеашро ҳашт, якеи дигарашро нӯҳ ва якеи дигариро камтар ё зиёдтар сол шуд ва онҳо барои муддатҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд то бист солу биступанҷ сол ва онҳо оиладоранд, хешу таборошон ҳаст, фарзанд доранд, ки бесарпараст мондаанд. Аъзои оилаи онҳо ҳамеша ба мо муроҷиат мекунанд,ки чораи онҳо дида шавад.Онҳо пушаймон шудагӣ ҳастанд.Воқеан худи ҳамон бародарҳо ба мо мактуб низ фиристодаанд ва эълон кардаанд,ки аз ҳамон корҳои кардаашон пушаймон астанду агар озод шаванд, озодиашонро дар роҳи созандагӣ ва ободии кишвар сарф мекунанд. Аз ҳамин хотир мо пешниҳод кардем,ки хуб мешуд ба муносибати даҳсолагии имзои созишномаи сулҳ дар рӯзи Ваҳдат ҷаноби президент боз як бори дигар ҷавонмардӣ кунанду ҳамин бародарҳоро аз зиндонҳо озод карда, ба ҳамин нукта гузоранд.Ба ҳама маълум аст,ки ин пешниҳодҳо дар солҳои музокирот низ мавҷуд буданд, аммо ҳамон вақт мавриди қабул қарор нагирифт.Ва ба хотири имзои созишномаи сулҳ аз ҷумлаи гузаштҳое,ки кардем ҳамин низ буд.

Лекин имрӯз фурсат расидааст,ки боз дубора ин мавзӯъро бардорем,зеро парвандаҳои ҷиноӣ бар зидди бисёр роҳбарони Иттиҳодияи оппозисиюн ва аъзои қатории он дар прокуратураи генералӣ,дар вазорати амният,дар вазорати умури дохила мавҷуд аст.Ин парвандаҳо дар асоси ахбор,ахбори оперативӣ ва хабарҳои носанҷида ҷамъоварӣ шуда аст. Агарчанде,ки тибқи фармони президент ва Созишномаи оштии миллӣ ин парвандаҳоро боздоштаанду роҳбарони оппозисиюни пешин- касоне,ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо боз шудаст,мавриди афв қарор гирифтаанд ,аммо ин парвандаҳо дар бойгониҳо,дар архивҳо вуҷуд доранд.Агарчанде,ки мо гумони нек дорем,ки ҳукумат ин парвандаҳоро истифода намебарад бар зидди мо бо ғаразҳои сиёсӣ.Мо ин умедвориро дорем,чунки маънову мантиқи созишномаи сулҳ ҳаминро тақозо мекунад,ки тарафҳо аз сиёҳ кардани тарафи дигар худдорӣ кунанд.Ин нукта ҳанӯз дар Созишномаи оташбас таъкид шуда буд.

Аммо манзури мо дар бораи сӣ -чиҳил соли баъд аст, шояд мо аз ин дунё мегузарем,шояд касоне,ки дар сангарҳо мухолиф буданд аз ин дунё мераванд,билохира ҳамаи мо инсон ҳастем ва парвардигор ҳар як инсонро аҷали муайяну муқаддар додааст,ки баъди ҳафтод солу ҳаштод соли зиндагӣ агар умри дароз ҳам ,ки худо диҳад аз ин дунё меравем.Баъд ин парвандаҳоро мумкин наслҳои оянда, на бо мақсади сиёҳкунӣ, аммо модоме, ки дар бойгониҳо ҳаст баъди сӣ-чиҳил сол метавонад истифода кунад ,дигар дастраси умум мешавад.Тибқи қавонини мавҷуда ҳам баъди сӣ сол ҳар хел ҳуҷатҳо метавонад дастраси умум қарор бигирад.Дар ин сурат нависандаҳо, муаррихҳо ва ҳар нафаре,ки мехоҳад дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ ягон чизе бинависад, табиист,ки ба ҳамин архивҳо муроҷиат мекунад, зеро дар бойгониҳо ин парвандаҳо ҳастанд. Аз рӯи мутолиаи ин парвандаҳо нисбат ба мо ва нақши мо дар ин ҷанги шаҳрвандӣ хулосаҳое мебарорад,китобҳое менависад, ки мо гумон мекунем аз рӯи адолат намешавад. Чунки ин парвандаҳо ҳақиқат нестанд. Маводи ин парвандаҳо бисёрашон тӯҳмат ва бисёрашон бӯҳтон аст ва дар асоси хабарҳову ифтирозҳои худи муфаттишон навишта шудагӣ ҳастанд.Муғризона навишта шуда мебошанд,чунки мо дар марҳалаи ҷанги шаҳрвандӣ будем, метавонем бигӯем,ки бо якдигар хусусмат доштем. Нисбат ба душман кӯшиш мекарданд, ки чизҳои бисёр ҳам тӯҳматнок бизананд

Бинобар ин мо ҳам ин пешниҳоди устод Нуриро қабул кардему болои ҳамин то ҳозир фикр кардем ва дар рӯзҳои наздик бо номаи расмӣ ба ҷаноби президент муроҷиат мекунем. Ин пешниҳод аллакай сабт шуда аст. Ва умедвор ҳастем, ки ҷаноби раиси ҷумҳур ин пешниҳоди моро қабул мекунад.


Шумо аз мӯҳтавои ин парвандаҳо огаҳӣ доред?

Воқеан ҳам мо аз ин парвандаҳо хабар дорем, ки дар онҳо чиҳо ҳаст.

Ин номае, ки гуфтед бо имзои кӣ ё киҳо увонии раиси ҷумҳурӣ фиристода мешавад?

Ин нома бо имзои банда, бо имзои устод Муҳамадшариф Ҳимматзода ва ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ фиристода хоҳад шуд. Ба хотири чӣ бо имзои ин се нафари мо меравад? Зеро мо се нафар аъзои Маҷлиси Олӣ ҳастем. Ду нафар аз Ҳизби наҳзати исломӣ- вакилони Маҷлиси намояндагон астанд ва ман ҳам узви Маҷлиси Миллӣ мебошам.Ва Ҳизби наҳзат вориси Ҳаракати Наҳзати исломи Тоҷикистон аст. Ва бисёре аз ин парвандаҳо мутааллиқи аъзои ҲНИТ аст. Аз ҳамин хотир аз номи ҳамин се нафар меравад. Ва умедвор ҳастем, ки ҷаноби раиси ҷумҳур инро дуруст қабул мекунанду нисбат ба ин ҳамкорӣ мекунанд.

Шодӣ Шабдолов-раиси ҲКТ гуфт, мақомот набояд аз ин парвандаҳо ба сифати омили фишор алайҳи роҳбарони оппозисиюни пешин истифода кунанд ва ин парвандаҳо бояд солҳои дароз ва ба муддати тӯлонӣ маҳфуз бошанд ва аз сӯи дигар гуфт ӯ, ки ин кор бояд бар асоси қонунҳои кишвар сурат бигирад ва барои маводи бойгонӣ вобаста бо моҳият ва аҳамияти он як вақти муайян пешбинӣ шудааст.

Мо мегӯем, ки ин масъала дар чаҳорчӯби қонун ҳалли худро меёбад. Бале, қонуни мо мегӯяд, ки архив бояд ҳифз ва ҳимоя шавад. Лекин ҳамин қонунро низ Маҷлиси олӣ қабул кардааст. Ин бо ибтикори ҷаноби президент хоҳад буд. Мо фақат ҳамин қисмат аз парвандаҳоро, парвандаҳоеро,ки дар бойгониҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаст онҳо истисно шавад ва ҳаминро як комиссияи босалалоҳияте,ки мавриди эътимод аст ҷаноби раиси ҷумҳур таъин кунанд ва ҳамаи парвандаҳои ҷиноии мавриди назарро ҷамъоварӣ карда нобуд кунанд дар шоҳиди ҳамин афрод. Мо ҳамагӣ дар як система ҳастем,мо ин системаро - системаи давлатдориамонро худ дастгирӣ мекунем, мо ҷузъи ҳамин система ҳастем бинобар ин афроде бошанд, ки мавриди эътимоди мо ҳам бошанд.

Фикр мекунед,ки маҳви ҳамин парвандаҳо дар бойгониҳо ба таҳкими раванди сулҳи бебозгашт мусоидат мекунад?

Ҷое барои пинҳон кардан нест. Ҳар як аъзои оппозисия, ҳар як собиқ қумандонҳое, ки сӯҳбат мекунанд ,ҳатто касоне ,ки чанд сол дар ҳукумат кор кардаанд ҳамеша ин эҳсосро доранд, ки як рӯз не як рӯз онҳоро ҷазо медиҳанд , як рӯз не як рӯз , интиқом мегиранд. Инро ҳар кадомашон такрор мекунанд. Яъне онҳо мегӯянд ,ки бархе нафарон дар мақомоти давлатӣ намояндагони оппозисиюнро ҳеҷ вақт худӣ ҳисоб накардаанд. Бале, то як муддат бо мо ҳамкорӣ карданд, аммо моро худӣ намедонанд, бинобар ин моро ҳатман мавриди интиқом қарор медиҳанд.Ҳамин ҳисси нобоварӣ мутаассифона ҳаст. Мо мехоҳем, ки ҳамин аз байн равад. Ҳаминаш ҳам аз байн равад. Яъне кӯчактарин омиле, ки боиси халадор шудани ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳаст дар ҳамин ҷашни даҳсолагии Сулҳи умумӣ аз байн биравад. Фурсати муносиб аст.

Намояндаи дабири кулли СММ дар Тоҷикистон гуфт, ки мебоист ин чизҳо қабл аз имзои Созишномаи умумии сулҳ мешуд. Яъне маҳви ҳамин парвандаҳо. Чаро он вақт сурат нагирифтанд ва фикр намекунед баъзе нафарон инро ҳамчун тафтиш талақӣ мекунанд?

Воқеан ман бояд таъкид кунам, ки ин дар ҳеҷ сурат ревизияи созишномаи сулҳ нест. Ин бозгашт ба ҳамон рӯзҳо нест. Инчунин талабу чунин зеҳният дар мо вуҷуд надорад. Агарчанде мо ҳамин мавзӯъро дар замони музокирот гуфта будем,ки бояд ҳамин кор шавад.Лекин ҳамон вақт ҷониби ҳукумат қабул накарданд.Ва он вақт ба хотири сулҳу оштӣ инро мо гузашт карда будем.Ин чиз тамоман пешниҳоди нав аст.Ин пешниҳодро ба ҳайси як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳайси узви Маҷлиси Миллӣ мо аз президенти худ, аз президенте,ки худамон интихобашон кардаем, тақозо ва илтимос мекунем. Мо дар ин ҷо талаб надорем. Агар ҳамин кор шавад ба манфиати ваҳдати миллатамон мешавад,ба манфиати таҳкими дӯстӣ дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон мешавад.

Ба назари шумо, теъдоди маҳбусоне, ки афвашон тақозо мешавад чи қадар бошад?

Дар як аризае, ки ба мо омадааст ва ман онро ба ҷаноби президент фиристоданӣ ҳастам ном ва насаби ҳафт нафар омадааст ва онҳо гуфтаанд, ки мо аз номи ҳафтсад нафар ба шумо мефиристем. Аммо ман намедонам,ки чӣ қадар маҳбус аз шумори размандагони собиқи оппозисиюн дар зиндонҳо дорем.

Шумо дар ин нома киҳоро дар назар доред?

Мо мегӯем ҳама шомил шаванд.
XS
SM
MD
LG