Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Мавлоно дар Қазоқистон ёд мекунанд


Дар оғози расмии ҳамоиш Ҳасан Ниёзӣ, кордори муваққати Эрон дар Қазоқистон, Азизуллои Ориёнфар—сафири Афғонистон дар Остона ва Аъзамшо Шарифов - муовини сафири Тоҷикистон дар ин кишвар аз Маркази мутолиоти фарҳанги Осиёи Марказӣ ва Эрон дар Қазоқистон барои баргузории ин ҳамоиш изҳори сипос намуда таъкид карданд, ки матлабҳое, ки дар ин нишаст баён мегарданд, барои ҳарчӣ бештар шинохтани ин ситораи адаби ирфон мусоидат хоҳанд кард.


Рӯзи аввал

Дар рӯзи аввали ҳамоиш, донишманди эронӣ, профессор Абулқосим Родфар дар мавзӯъи «Таъсири рӯҳонии Мавлоно ба адабиёти Ғарб», донишманд аз Афғонистон доктор Латиф Нозимӣ дар бораи назари Шамси Табрезӣ дар бораи Мавлоно ва чанд тани дигар дар мавриди паҳлӯҳои эҷодиёти ин суханвари ҷаҳонии форс- тоҷик суханронӣ карданд. Донишманди тоҷик Абдуманнон Насриддинов дар ҳамоиш дар мавзӯъи Фаридаддини Аттор дар ҷаҳони шоирии Ҷалолиддини Румӣ маърӯза кард.

Доктор Муҳаммадӣ, донишманди эронӣ дар суханронии хеш бо такя ба гуфтаҳои як олими амрикоӣ гуфт, ки Мавлоно бо се соҳот ба тамаддуни ҷаҳонӣ таъсир расонида шӯҳраи олам гаштааст.

«Як шахс дар Амрико ахиран доиратулмаорифе чоп кард. Он шахс Франклин Луис аст. Ӯ дар муқаддимаи ин китоби тозаи хеш мегӯяд, ки Мавлоно дар се соҳа дар ҷаҳон асар гузоштааст. Яке, соҳаи андешагонӣ, дигар, соҳаи мусиқӣ ва севвумӣ, соҳаи таблиғотӣ, ки дар дунёи фарз кунем Ғарб ва бахусус Амрико ин соҳаҳо бисёр густарда аст»


Рӯзи охар

Рӯзи дуюми ҳамоиш баробари дигар донишмандон профессор Абдунабӣ Сатторзода дар мавзӯъи Мавлоно ва Лоиқ Шералӣ, Қурбоналӣ Идрисов дар робита ба шинохти шахсияти Мавлоно ва доктор Сафар Абдулло, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон, ки яке аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш аст, дар бораи Мавлоно ва адабиёти ҷаҳонӣ суханронӣ хоҳанд кард. Интизор меравад, дар хатми ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Мавлоно дар Алмаато, бо ширкати шоири шинохтаи точик Сиёвуш ва дигар дӯстдорони шеъри форсӣ базми шеър баргузор гардад.
XS
SM
MD
LG