Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се мулкӣ ва як низомӣ дар Мурғоб


МШ

Кормандони идораи амнияти миллӣ дар ноҳияи Мурғоб як афсари сарраёсати ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва се сокини маҳаллиро боздошт карданд. Сардори хадамоти амниятӣ дар ноҳия Ашӯрмамад Афғонов бо таъйиди ин хабар гуфт, ки афроди мулкӣ бо ҷурми нигаҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон боздошт гардидаанд. Ҷаноби Афғонов аз ироаи маълумоти бештар оид ба ин қазия худдорӣ варзид.


Бино бар гуфтаи манобеъи дигар, кормандони хадамоти амниятӣ се сокини маҳаллӣ-сардори департаменти почтаи давлатӣ, корманди идораи маданият, ронанда ва як сарбозро дар ҳоле дидаанд, ки ҳамаи онҳо бо Калашников мусаллаҳ буданд. Ҳангоми тафтиш, ошкор гардидааст, ки ин силоҳ ба дасти онҳо бо иҷозаи сардори дидбонгоҳи марзӣ ба хотири шикор дода шудааст. Дар натиҷа, ин афроди мулкии мусаллаҳ ва сардори дидбонгоҳи марзии Маргансу боздошт ва дар паси панҷараи боздоштгоҳи муваққатии раёсати кумитаи амнияти миллӣ дар вилоят ҷо гирифтанд.


Қаблан, намояндаи як созмони байналмилалӣ бо номи «Олами вуҳуш» бо номае ба мақомоти Тоҷикистон аз идомаи шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир дар минтақа аз ҷониби афроди мулкӣ ва низомӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Дар робита бо шикори ғайриқонунӣ дар ноҳия тайи солҳои охир ду нафар афроди мулкӣ ба муҷозот кашида шудаанд. Ва ҳамакнун, барои нахустин бор аст, ки дар баробари афроди мулкӣ шахси низомӣ низ дар робита ба як чунин қазия боздошт гардидааст.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Мурғоб
XS
SM
MD
LG