Пайвандҳои дастрасӣ

Як соат пеш ё пас?


Дар бисёре аз кишварҳои дунё ақрабаки соат 60 дақиқаро ба якборагӣ тай кард. Ва аксари хабаргузориҳои ҷаҳон боз як бор аз Тоҷикистон ном бурданд. Дар сафи мамолике, ки дар онҳо вақт тағйир намеёбад. Ва дӯстони хориҷӣ низ суол мекунанд, дар Тоҷикистон ҳам соат пеш бурда хоҳад шуд.

Посух ин аст, на, дар баҳор пеш бурда нахоҳад шуд ва дар тирамоҳ ақиб низ. Таҷрибаи вақти тобистона дар Тоҷикистон нобарор шумурда мешавад ва дар субҳидами истиқлолият ҳамчун як мероси дигари имперотурии шӯравӣ барҳам дода шуд.

Вале имрӯз, дар робита ба камбуди шадиди барқ ин мерос дубора мавриди сӯҳбат аст, зеро ҳадаф аз он на фишори Маскав ба Тоҷикистон буд, дар ҳоле ки ин фишор ҳамоно идома дорад, балки истифодаи комилтар аз рӯшноии офтоб. Ин аст, ки имрӯз хостем, якҷо бо ҳамаи ҳамнафасони худ нигоҳе ба ин масъала кунем.

ВАҚТИ ҲИФЗИ РӮШАНИИ РӮЗ

Ин, албатта, баргардони таҳтуллафзист ва ҳатто аз як сӯ як сози расмию ҳарбӣ дорад,аз сӯи дигар маънои духӯра, аслан, бояд гуфт, офтоб, нур, рӯшанӣ, рӯз, шаб ва ё онгуна ки гуфтем, баҳору мурғу қафаси тангу дашту даман, ҳамагӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки ба суханбозию сухансозӣ имконияти фаровон медиҳанд, шояд барои онки ҳамагӣ мафҳумҳои осмониянд. Ва аммо сухан ҳоло аз заминиён аст.

Дар Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз ду сол пеш қонуне қабул карданд, бо номи Вақти ҳифзи рӯшании рӯз ва имсол ин вақт боз чор ҳафтаи дигар тамдид шуда, куллан ба шашуним моҳ расид. Имсол дар Амрико аввалин бор як соат пеш бурдани ақрабаки соат на дар охири моҳи март, балки пештар, 11-уми март ба вуқӯъ пайваст. Тағйири вақт, маъмулан дар рӯзҳои истироҳат ба амал меояд, то одамон каме ҳам бошад, ба он одат пайдо кунанд.

Ба таври сода, чун соат ихтироъи инсон аст ва дар дасти инсон аст, аммо офтоб ва тӯли рӯзу шаб дар дасти инсон нест, талош мешавад, замони шурӯъ, идома ва поёни рӯз бо соатҳои бархостан, кор кардан, бозгаштан ва хуфтани инсон мутобиқ шаванд.

Марк Твен шӯхиомез навишта буд, агар бо ин танбалие ки инсон дорад, тавонашро медошт, на соаташро ба инҳо, балки тулӯъ ва ғуруби офтобро ба соати худ мутобиқ мегардонд.

Дар Тоҷикистон чунонки гуфтем, таҷрибаи ҷорӣ кардани вақти тобистонӣ босамар дониста нашуд ва хеле зуд аз пешу пас бурдани ақрабаки соат даст кашиданд.

Аз олими физикшинос Абдуҷаббор Саломов пурсидам, оё сабаби ин тасмим чӣ буд?

Абдуҷаббор Саломов: "Барои Тоҷикистон аз лиҳози сарфаи нирӯи барқ ва ё ҳар сарфаи дигар ин барнома самараи зиёде надорад, зеро бе ин ҳам мардум дар Тоҷикистон аз соатҳои рӯшани рӯз ба таври кофӣ истифода мекунад. Аммо барои қисматҳои шимоли Шӯравии собиқ ин қарор муҳим буд. Барои Тоҷикистон чизи зиёде дода наметавонист."

Оё имрӯз ин барнома ва зарурати истифодаи маҳдуди нирӯи барқ бо ҳам пайванде дошта метавонанд?

Абдуҷаббор Саломов: "Ба фикри ман, на. Мушкили барқ дар Тоҷикистон ба камбуди тавлиди барқ бастагӣ дорад, на ба тӯли рӯшании рӯз. Агар барқ ба дараҷаи кофӣ тавлид шавад, мушкиле дар миён нахоҳад буд. Ин масъала ба пур шудани обанбори Норак ва барномаҳои президенти кишвар дар сохтмони нирӯгоҳҳои нав бастагӣ хоҳад дошт. Масалан, дар тобистон кишвари мо ҳатто нирӯи иловагии барқро мефурӯхт."

Ташаккур, доктори улуми физикӣ Абдуҷаббор Саломов аз шаҳри Душанбе бо мо ҳамнафас буд ва назари ӯро дар бораи вақти тобистонӣ шунидем, саҳеҳтараш дар бораи онки ба Тоҷикистон чунин тағйири соат зарур нест.
Ва ҳам ташаккур, ки ҷаноби Саломов ба мо гуфтугӯ бо касеро тавсия доданд, ки шояд сабабгори асосии реша нагирифтани табдили вақт дар тобистону тирамоҳ дар Тоҷикистон шудааст. Дар идомаи барномаи бо ин шахси машҳури Тоҷикистон низ ҳамнафас хоҳем шуд, вале ҳоло...

БОЗКОВИИ МАСЪАЛА

Оё тағйири соат дар тобистон барои як ҷомеа чӣ маънӣ дорад ва чаро Амрико ва ё аксари кулли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон тобистон ба соатшумории дигар мегузаранду давлатҳои дигар аз ин иқдом худдорӣ мекунанд?
Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ин иқдом танҳо аз лиҳози сарфаи нафт дар як рӯз 10 000 бушка нафтро захира мекунад, чӣ монад ба нирӯи барқ ва дороиҳои дигар.

Ахиран дар Эрон низ ҳарчи бештар садоҳо ба гӯш мерасад, ки ба хотири сарфакорӣ бояд вақти тобистонӣ пазируфта шавад. Созмони бозрасии куллии Эрон мегӯяд, дар ҳоли татбиқи ин тарҳ дар шаш моҳи вақти тобистона 450 миллиард риёл нирӯи барқ ва 620 миллион литр маводи сӯхт сарфа хоҳад шуд. Бахшҳои марбутаи порлумони Эрон, бо вуҷуди мухолифати президент Аҳмадинажод ба баррасии ин пешниҳод шурӯъ кардаанд.

Ва аммо Тоҷикистон, таҷрибаи нобарор аз нигоҳи дубораи имрӯз. Ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки мардум дар Тоҷикистон бештар аз рӯи соати зиндагии худ ба сар мебаранд. Масалан, модаркалонҳои мо, кам иттифоқ меафтад, ки ба соат нигаранд. Вале бе ҳеч соат низ вақтро бехато медонанд, ки кай бояд коҳуи говро диҳанду кай дони мурғонро ва кай сари таъом биншинанду кай сари ҷойнамоз биистанд. Ва асосан ин соат бо як нигоҳ ба офтоб муайян мегардад.

Бо яке аз модаркалонҳои азиз бо кӯмаки ҳамкорам Маҳмуд Шодӣ ҳамнафас шудем аз фосилаи ҳазорон фарсах. Ба гуфти Маҳмуд пиразан аввал вақти сӯҳбат телефони ҳамроҳро аз гӯш мегирифт ва монанди микрофон истифода мекард ва пас аз як ҳамдигарфаҳмӣ ин сӯҳбат ҷараён гирифт. Сокини 72-солаи шаҳраки Ғарм бибии Гуландом Ҳасанова гуфт, бе соат ҳам тартиби зиндагии худро медонанд ва мушкиле надорад, аммо набуди нирӯи барқ зиндагии онҳоро ба ҳадди охир сахт кардааст. Бибии Гуландом ба воситаи мо аз мақомоти давлати Тоҷикистон хоҳиш кард, ба мардум барқ диҳанд.

Ва дар қисми ниҳоиву ҷамъбастии барнома аз ҳамнафаси худ, мудири Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, профессор Хурсанд Ибодинов мепурсам, оё чаро барномаи вақти тобистонӣ дар Тоҷикистон лағв гашт?

Хурсанд Ибодинов: "Дар аввалин солҳои ҷорӣ шудани ин таҷриба ҳукумати кишвар аз ман дархост кард, суду зиёни онро муқаррар кунам. Аз рӯи ҳисобҳои ман чунин баромад, ки ин кор ба кишвар ёрии зиёде намекунад. Аммо бояд гуфт, дар кишварҳое ки ин таҷриба амалӣ мешавад, ҳақиқатан кори дуруст анҷом медиҳанд ва бо ин роҳ нирӯи барқ ва дигар захираҳоро ҳифз мекунанд. Дар Тоҷикистон бо ин ҳоле ки дорем, манзурам вақте корхонаҳо кор намекунанд, татбиқи барномаи вақти тобистона натиҷаи зиёде намедиҳад, яъне харҷи худро намепӯшонад. Агар вазъи иқтисодӣ, ҳаёти иқтисодӣ дар кишвар тағйир кунад, бояд аз нав ҳисобу китоб кард ва дид, ки мумкин аст, ин барнома ба мо кумак кунад."
XS
SM
MD
LG