Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти марзии кишварҳои Осиёи марказӣ


Дар нишасти мазкур,ки бо пуштибонии молии СММ дар Душанбе сурат гирифт, намояндагони вазоратхонаҳои роҳу нақлияи кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ҳузур доштанд. Худоёр Худоёров, муовини вазири нақлиёту мухобироти Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ба тавсиъаи муносиботаш бо кишварҳои ҳамсоя, хусусан Узбакистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва тамоми тадбирҳоро меандешад то дар кори ҳамлу нақл ва убури сарҳад бо кишварҳои минтақа ҳамкории судманд дошта бошад.






Оғои Худоёров таъкид кард,ки мутаассифона ҳанӯз дар роҳи интиқоли коло ва ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои миёни Тоҷикистону Узбакистон бо иллати муносибати сарди ҷониби Тошканд ҳанӯз печидагиҳо вуҷуд дорад. Ҷаноби Худоёров афзуд: « Ҳоло як созишномаро мо таҳия кардаем оид ба ҳамлу нақл ва тронзити ҳаракати мошинҳо, мутаассифона ҳанӯз имзо нӯшадааст. Мо кӯшиш дорем ҷониби Узбаксистонро ба музокира даъват намоем,то ба ин созишнома имзо гузорад. Агар ин ҳуҷҷат ба тасвиб расад,бисёре аз мушкилоти мову ин кишвари ҳамсояамон ҳал мешавад»





Ва аммо намояндагони ҳайати Қирғизистон мегӯянд, мушкилоти онҳо бо Узбакситон оид ба ҳамлу нақл ҳамсон бо Тоҷикистон будааст.Нур Канкурбоев, муовини раёсати равобити хориҷии вазорати нақлиёти Қирғизистон бо изҳори норозигӣ дар робита ба ин гуфт: «мо масалан бо Тоҷикистон дар масъалаи ҳаракат дар роҳҳо ва убури сарҳад, ҳеҷ як мушкиле надорем,аммо бо ҳамсояи дигарамон Узбакстон мушкилоти мо хеле зиёд аст. Масалан барои интиқоли бор гумруки Узбакистон камаш 300 доллар талаб мекунад. Барои интиқоли бор ва низ убури марз аз хоки Узбакистон афроди мо вақт ва маблағҳои зиёдеро масраф мекунанд. Узбакистон ҳеҷ як талаботи созишномаҳои миёни кишварҳои минтақа ва конвенсияҳои байналмиллалиро дар ин самт риоя намекунад».




Ба назари ҷаноби Кангурбоев ин масъала танҳо дар сатҳи мақомоти олии кишварҳо метавонад ба таври бояду шояд ҳал карда шавад. Дар ҳамин ҳол, Патрис Дрейски, мушовири минтақавии САҲУ оид ба умури Осиёи марказӣ, баҳрабардории дуруст аз роҳу нақлиёт ва мухобиротро барои рушди иқтисодиёт ва таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ кард:

"Яке аз самтҳои аслии кори Созмони амният ва ҳамкории аврупо, мусоидат кардан барои ҳалли мушкилоти роҳу нақлиёт,тронзит ва убури марз миёни кишварҳои Осиёи марказӣ ва Афғонистон мебошад. Бе ҳалли ин мушкилоти роҳу нақлиёт ва тронзит,ки яке аз воситаҳои муҳим барои рушди иқтисодиёт мебошад, наметавон масоили дигарро аз қабили масоили сиёсӣ,амният ҳаллу фасл намуд. Аз ин рӯ Созмони амният ва ҳамкори Аврупо ва хусусан намояндагии ин созмон дар шаҳри Тошканд, ба оҳистагӣ ҳам бошад, кушиш дорад ҳукумати Узбакистонро бовар кунонад,ки рафъи мушкилоти мавҷуд бо ҳамсоя кишварҳо ба манфиати Узбакистстон низ ҳаст».

Ба ин тартиб ҳамоиши ду рузаи кишварҳои Авруосиё оид ба ҳамлу нақл ва убуру мурури марз кори худро идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG