Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар марз


mm

Идораи умури дохилаи Суғд рӯзи сешанбеи 13 -уми марти иттилоъ дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистон,сокини устони Суғд аз ҷониби сарҳадбонони Узбакистон ҳадафи тир қарор ёфтааст.





Ба гуфтаи ин манбаъ сокини 23 солаи деҳаи Навбунёди ноҳияи Ашт - Мирзовалӣ Ҷӯраев дар рӯзи 7 - уми март ҳангоми чарои ҳайвоноти хонагӣ ба минтақаи марзӣ ворид шуд ва марзбонони Узбакистон бо як тир ӯро дар маҳали ҳодиса кушта бар ҷой гузоштанд. Ноҳияи Ашт,100 километрии шимоли Хуҷанд аз се сӯ бо Узбакистон марзи муштарак дорад.






Як сокини ин маҳал дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ тафсилоти ин ҳодисаро чунин нақл кард: «Вақти чарои ҳайвонот вай ба хати сарҳади Узбакистон наздик мешавад ва сарҳадбонони узбек ӯро дида мемонанд. Мирзовалӣ ба ақиб мешитобад, аммо сарҳадбонон ба тахтапушташ як тир мезананд.»





Дар тайи як соли ахир ин барои бори аввал нест, ки марзбонони Узбакистон ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон тир мекушоянд. Дар ин муддат ҳади ақалл дар шаш маврид марзбонони Узбакистон ва ҳам Тоҷикистон дар хати марзи байни ин ду кишвар ба сӯи шаҳрвандони ҳамдигар оташ кушодаанд ва шаш сокини одии ҳар ду кишвар бар асари оташкушоиҳои сарҳадбонон нобуд ва захмӣ шудаанд.





Ҷӯра Юсуфӣ - як коршиноси Суғд афзудани ҳодисаҳои куштори шаҳрвандон дар марзи байни Тоҷикистону Узбакистонро ба сардии муносибати байни ин ду ҳамсоядавлат бастагӣ медиҳад: «Ба назари ман, ин ҳодисаҳо ангезаҳои сиёсӣ дорад. Вақте ки дар ҳузури ом як шаҳрванди кишвари дигарро силаҳдорони кишвари ҳамсоя мепарронанд, ин бисёр ҳодисаи нанговар аст. Ҳатто дар доғтарин нуқоти сайёра, чи дар Фаластин, чи дар Ироқ, чи дар Афғонистон ин гуна нест ва бояд барои ҳар куштор ҷавобгарӣ бошад.»





Мусоҳибам афзуд, ин ки марзбонони Узбакистону Тоҷикистон шаҳрвандони одӣ, бесилоҳ ва гоҳе раҳгумкардаву ба ёрӣ муҳтоҷи якдигарро дар хати марз бидуни ҳеҷ гуна огоҳиву боздошт ва пурсишу таҳқиқ аз оташи тири силаҳ ба қатл мерасонанд, обрӯи сиёсии ин ду давлатро дар миқёси ҷаҳонӣ коста мегардонад. Ҳамчунин, ингуна худсариву бетартибиҳои марзбонон метавонад чун ангезае ба низоъи қавмиву этникӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ замина гузорад

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG