Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони FIFA ва AFC ба Тоҷикистон меоянд


раиси АФК - Конфедеросиюни футболи Осиё рӯзи 29-уми март ба Тоҷикистон ташриф меоранд. раиси ФИФА - Федеросиюни байналмилалии футбол бо Муҳаммад бин Ҳамом Ҷозеф Блаттер

Дар ин бора Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар дод. Вай гуфт: «Барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон севуним сол пеш, ҳангоми нахустин сафари раҳбарони олимақоми созмонҳои ҷаҳониву қитъавии футбол ба ин кишвар ва мулоқоти онҳо бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов тарҳрезӣ шудааст. Бар асоси он бо маблағи Федеросиюни байналмилалии футбол ширкати итолиёвии "Мондо" сохтмони майдонҳои замонавии футболро дар шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара анҷом дод. Раҳбарони созмонҳои ҷаҳонию қитъавии футбол дар маросими кушоиши ин майдонҳо ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин мулоқоти Ҷозеф Блаттер ва Муҳаммад бин Ҳамом бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи 30-уми март дар назар аст.»

Ҷаноби Давлатов иброз дошт, Федеросиюни ҷаҳонии футбол бар асоси барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон ҳар сол макотиби варзишии кӯдакону наврасони ин кишварро ба қадри имкон бо лавозимоти варзишӣ, ба мисли либосу пойафзол ва тӯби футбол таъмин мекунад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG