Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадя ба зан: мушт ё гул?


Назари писарон:

Ҷавонписарон бошанд, нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯянд, мафҳуми зан худ маънои заданро дорад, яъне зан! Ва миёни мардон ба мисли ин мақолу ба қавле «шӯхиҳои» зиёди дигаре ҳам ҳастанд. Мусоҳиби аввалини ман Парвиз мегӯяд, ба ин гуфтаҳо аслан зид аст:

«Ҳастанд як гурӯҳ ҷавонписароне, ки ҳазломез мегӯянд, занро зан, агар намурд ба табар зан, вале ман ба ин розӣ нестам. Ҳар як нафарро ҳурмату эҳтиромаш дар дасти худаш аст. Вақте мард худро ҳурмат кард зан бошад ё хоҳар ҳам нисбати ӯ ин корро мекунанд.»

Ва аммо мусоҳиби дигарам, ки як ҷавони айнакдкору хеле бомаърифат ба назар менамуд, задан ва ё баъзан мавриди лату кӯб қарор додани занро то андозае дуруст мешуморад. Ба ақидаи ӯ, ин роҳи хуби тарбияи хоҳар ва ё ҳамсар ва умуман занон аст:

«Задан мумкин аст духтарро вагарна ба ҳар кор рафтанашон мумкин аст. Ҳатман, баъзан задан даркор аст.»

Зимнан, худи ӯ низ иқрор мешавад, ки баъзан бо сабаби ба қавли худаш гапашаро нагирифтан хоҳаронашро мезадааст.

Вале ба қавли Наврӯз, ҷавони дигар, чунин ҷазо додани занону хоҳарон баръакс ба он мерасонад, ки онҳо одат мекунанд ва дигар аслан ислоҳнашаванда мегарданд ва аммо бо вуҷуди ин зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёд дорад ва беистифодаи мушту лагад ҳам намешавад меафзояд Навруз:

«То чанде сиёсат кунӣ ва то чанде занро занӣ одат мекунад ва дигар ба гапи хуб намефаҳмад ва боз маҷбур мешавӣ занӣ. Хай зиндагӣ пастиву баландӣ дорад ва нозадан ҳам намешавад. Хоҳаронро задагӣ ҳастем, лекин бисёртар сиёсат мекунем.»

Дар ҳамин ҳол, мусоҳиби дигарам, ки соҳиби ҳамсару фарзанд будааст, занро ба гул ташбеҳ дода мегӯяд:

«Сахт қаҳрам ҳам карда бошад дашном медиҳам хай бе дашном намешавад фақат падари ақлат лаънат мегӯям, лекин зана чӣ хел мезанӣ вай худаш нозук аст, масалан ҳамин гулро сахт қапӣ пажмурда мешавад, зан ҳам ҳамин хел аст»


Назари духтарон:

Бархе аз духтарони ҳамсӯҳбатам ба ин назаранд, ки ҷинси латиф бояд ҳама вақт фармонраво ва тобеъи марди худ бошад. Аммо инро бисёриҳо қабул надоранд ва нақзи ҳуқуқи духтарон медонанд.

Агар як қисми духтарон заданро аз ҷониби ҳамсар ва ё дӯстдоштаҳои худ нишони дӯсторӣ ва зиёд будани муҳаббати онҳо медонанд, қисмати зиёди дигар ҷавонмардонеро, ки бо задану лату кӯби занону хоҳарони худ мушкилеро ҳал кардан мехоҳанд бемаърифат, нохонда ва ҳатто ба истилоҳ қишлоқӣ ҳам меҳисобанд. Вале Наргис, як мусоҳибам ба ин ақидаҳо розӣ нест. Ӯ мегӯяд, аксаран онҳое аз қувваи худ истифода мекунанд, ки асабашон хароб аст:

«Невроз ё ягон касалии дигар доранд ва зуд асабӣ шуда мезанаду баъдан пушаймон мешаванд.»

Як гурӯҳи занон чунин рафтори ҳамсар ва ё бародару падарони худро хушунат ва зӯроварӣ мепиндоранд. Ва аммо бино бар натоиҷи як назарсанҷие, ки аз ҷониби созмони ғайридавлатии гурӯҳи рушди иҷтимои ва дафтари ҳамкори ва рушди Швейсария ба хотири омӯзиши вазъи хушунат нисбат ба занҳо ва коҳиш додани зӯровариҳои хонаводагӣ дар вилояти Хатлон доир гардид, беш аз 70 дар садди занон лату кӯб ва муносибати бади ҳамсаронашонро дар оила зӯроварӣ намешуморанд ва дар ҳамин ҳол, 38 фисади мардони чунин муносибатро нисбат ба занони худ як амри табиӣ дониста, гуфтаанд, ба латукӯби зан ҳақ доранд.
XS
SM
MD
LG