Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

50 рӯзе, ки танҳо об буду нони қоқ


Зокир Ҷӯраев қабл аз муҳоҷират дар дохили кишвар ҳам бо роҳи ронандагӣ зинадагии худро пеш мебурдааст. Чун як қисми даромадаш ба пардохти кирояи мошин масраф мешавад, ӯ бо ҳадафи доштани мошини хусусӣ ба муҳоҷират мебарояд. Аммо ҳангоми овардани мошини калони боркашӣ аз Русия ба Тоҷикистон, ӯ 50 шабонарӯзро дар ҳавои сарди зимистон дар роҳу биёбонҳо паси сар мекунад. Мушкили нахуст ва шадиди ин Сафари Зокир аз сарҳади Узбакистон шурӯъ мешавад:

«Виза надоштем, падарам омад аз сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон виза гирифт гашта рафт. Хулоса пуламонро гирифтанд, ғам доданд, аҳволамон бад шуд, ҳамон ҷо чанд рӯз мондем бе виза бе пул. Бо омаданд аз Тоҷикистон 600 доллар қарз карда рафт падарам, ҳамин хел чанд маротиба ман дар роҳу падарам рафта аз Тоҷикистон қарз гирифта меомад.»

Зокир мегӯяд, дар ин сафари пурмашаққат се ҳазор доллар харҷ кардааст. Ӯ гуфт, ғизои аслии онҳо тӯли ин муддат танҳо нони хушку об будааст:

«Масалан, ҳамин шаби соли нав аз хотирам намебарояд, ки дар даруни як газели вайрона лампара гирён карда ду кас бо як нони қоқу як бақлашка об шиштем ҳамон ҷо, хеле хунук буд ҳаво. Дар гирду атроф ҳам чизе набуд ба ғайр аз баклашкаҳои зиёди холӣ ва симхор. Узбакистониҳо намемонданд он тараф гузарем.»

Зокир мегӯяд, тайи ин муддат дар роҳ рӯзҳоеро паси сар кардааст, ки имрӯз бо шунидани он дигарон ханда мекунанд. Вале он рӯзҳо барои ду сайёҳи тоҷик, ки бо харҷи ҳама маблағҳои худ ва мушкилоти зиёд бо умеди ба манзили худ расидан сафари худро идома медоданд, гиряовар буд:

«Он ҷо, ки сарҳад буд, қазоқҳо аз ин тараф меомаданду узбакҳо аз он тараф ва аз як мошин ба мошини дигар сабзӣ мегузаронданд ва мо рафта сабзиҳои рехтаи камазҳоро мечиндему пӯст мекардем ва ҳамин тавр сабзиву нони қоқ мехӯрдем. Дигар чизе набуд. Бачаи ҳамроҳамро ҳама либоси танашро гирифтанд ва 1000 рубли русие, ки дар баданаш пинҳон карда буд онро ҳам гирифтанд.»

Ҳамин тариқ, Зокир мошини худро ба ватан мерасонад, аммо ҳоло ба кор шурӯъ накардааст, чун дар ин муддати сафар мошини боркашонаш таъмирталаб шудааст. Вале Зокир бар он бовар аст, ки мошини боркашонӣ метавонад барояш дар кишвар як роҳи хуби даромад гардад, то ҳадди ақал дигар ба муҳоҷират нараваду дар дохили кишвар ризқу рӯзии худро дарёфт кунад.
XS
SM
MD
LG