Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши байналмилалии гумрукчиҳо дар Душанбе


Масоили марбут ба убуру мурури марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва интиқоли молу коло имрӯз дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ мешавад.


Ба иттилоъи вазорати роҳу мухобироти Тоҷикистон, дар нишасти гурӯҳи кории барномаи махсуси иқтисодии Созмони Милал барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, мавсум ба СПЕКА ҳайъатҳо аз мамолики минтақа ширкат хоҳанд кард.


Дар ин нишасти дурӯза мақомоти гумруки Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистону Озарбойҷон ва Афғонистону Узбакистон пиромуни роҳҳои ҳалли мушкилоти фаровони убуру мурури марзи қаламравҳои ҳамдигар табодули назар мекунанд.
XS
SM
MD
LG