Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, ба Гурҷистон ҳамла накардааст


Раиси ҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ бо Шӯрои амнияти ин кишвар дар мавриди ин ки гӯё чархболҳои Русия ба дараи ҷанҷолии Гурҷистон ҳамла кардаанд, нишасти изтирорӣ оростааст.


Вазорати умури дохилаи Гурҷистон гуфт, ки се чархболи Русия шоми 11 март ба дараи Кодорӣ ҳамла бурдаанд. Ин дараро мақомоти Гурҷистон Абхозистони Боло меноманд ва он бахше аз ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон аст, ки таҳти контроли Тбилиси қарор дорад.


Аммо Михаил Саакашвилӣ мустақиман Русияро дар ин ҳодиса муттаҳам накардааст.


Низомиёни Русия иддаои Гурҷистон дар мавриди ҳамларо рад карда ва гуфтаанд, ки ҳамаи чархболҳои онҳо дар наздикии он маҳал охири ҳафтаи гузашта парвозе анҷом надодаанд.
XS
SM
MD
LG