Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳои ғизоии Русия ба Тоҷикистон


Барномаи озуқавории Созмони Милал аз кӯмаки башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон ибрози хушнудӣ кардааст, ки қатори ниҳоии он рӯзи душанбе вориди Душанбе шуд. Дар маҷмӯъ, Русия соли равон дар ҳаҷми ду миллион доллар ба Тоҷикистон кӯмаки ғизоӣ кардааст.


Раиси дафтари ин ниҳод дар Душанбе Златан Милисич гуфт, ки маводи ғизоии фиристодаи Русия, ки орду нахудро ташкил медиҳад, барои таъмини мардуми ниёзманд дар муддати ду моҳ кифоят мекунад.


Созмони Ҷаҳонии Озуқа мегӯяд, ки дар Тоҷикистон то кунун тақрибан 700 ҳазор нафар аз ҷамъияти рустоҳои кишвар осебпазиранд ва ба қадри кофӣ наметавонанд хешро бо маводи ғизоӣ таъмин кунанд.
XS
SM
MD
LG