Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯи мухолифини қирғиз афзоиш меёбад


Муовини вазири фарҳанги Қирғизистон Асанбек Сарибоев эълом дод, ки аз мақомаш истефъо меравад ва ба нерӯҳои мухолифи давлат мепайвандад.


Асанбек Сарибоев гуфт, вазъ дар Қирғизистон баъди ба сари қудрат омадани Қурмонбек Боқиев дар соли 2005 беҳбуд наёфтааст.


Пеш аз ин баёнияи муовини вазири фарҳанги Қирғизистон эътилофи тозатаъсиси мухолифи Қирғизистон қавл дод, ки моҳи оянда бо баргузории раҳпаймоиҳои оммавӣ талаби интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG