Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чейни аз Ироқ баромадан намехоҳад


Муовини раиси ҷумҳури Амрико Дик Чейнӣ дар муқобили пофишории Конгресси ин кишвар, ки мехоҳад, нақши Амрико дар ҷанги Ироқро камтар кунад, далелҳои худро дар миён гузошт.


Вакилони ҳарду палатаи конгресси Амрико, ки таҳти контроли Ҳизби демократ аст, мехоҳанд, бо коҳиш додани маблағгузории ҷанг дар Ироқ нагузоранд, ки низомиёни Амрико амалиётҳои худро дар он ҷо тавсиа бахшанд ва дигар ин ки талаб доранд, то ҳукумати Ҷорҷ Буш ҷадвали замонии ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқро таҳия кунад.


Аммо Дик Чейнӣ дар як ҳамоиши Кумитаи умури ҷамъиятии Амрикову Исроил гуфт, ки ҳоло фурсати маҳви душман расидааст, на берун шудан аз майдони набард.


Муовини раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, ки агар кишвараш масъулияти худро дар Ироқ ниматамом гузошта хориҷ шавад, пайомадҳои он ҳам барои Иёлоти Муттаҳид ва ҳам барои минтақаи осебпазири Ховари Миёна фалокатбор хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG