Пайвандҳои дастрасӣ

Аз бонк алмосро дуздиданд


Як бонки шаҳри Антверпени Белжик дар ҷустуҷӯи як мизоҷи худ аст, ки ба рабудани як алмоси гаронбаҳо бо арзиши 21 миллион евроро муттаҳам мешавад.

Ин алмосро ҳамчун гарав бар ивази як силсила қарзҳои бузург дар ин бонк гузошта будаанд.

Бонки Антпервен мегӯяд, ки алмосдузд як марди миёнасоли инглисизабон будааст, ки шояд бо кӯмаки кадом маъмури бонке бонкро ғорат кардааст.

Бонки мазкур ба онҳое, ки дар ёфтани дузд кӯмак мекунанд, ду миллион евро ҷоиза хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG