Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соли 2008 - соли забонҳо?


Коициро Матсуура, дабири кулли ЮНЕСКО, муассисаи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид аз дабири кулли ин созмон Бан Ги Мун даъват кардааст, ки пешниҳоди соли забонҳо эълом кардани соли 2008-ро тарафдорӣ кунад.

Дар номаи Коициро Матсуура ба унвони дабири кулли Созмони Милал гуфта мешавад, ки ЮНЕСКО омодааст, дар иҷрои ин ташаббус нақши аслиро иҷро кунад.

Вай забонҳоро маҳаки аслии гуногунии фарҳангҳои мухталифи ҷаҳон номидааст.

Муассисаи илму фарҳанги Созмони Милал дар гузашта барои ҳифзи забонҳои мухталиф, ки баъзеи онҳо батадриҷ аз байн мераванд, стротежии махсусе таҳия кардааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG