Пайвандҳои дастрасӣ

Матбуоти Суғд: Оё ях об мешавад?


Вилояти Суғд, бо беш аз 40 нашрияи даврӣ ва зиёда аз 10 телевизиону радиои маҳаллии фаъол, аз ҷониби коршиносону таҳлилгарон як минтақаи дорои расонаҳои хабарии нисбатан рушдёфта дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Дуруст аст, ки теъдоди умдаи нашрияҳои Суғд ҳукуматӣ аст. Ва ҳар шумораи нашрияҳо бо теъдоди аз чандсад то 2 - 3 ҳазор нусха чоп мешавад, ки ин барои минтақаи дорои беш аз 2 миллион аҳолӣ воқеан кам ва ночиз аст.




Аммо мавзӯъи доимии баҳс миёни хонандаву муштариёни оддӣ ва рӯзноманигорону муассисони нашрияҳо сари муҳтавои расонаҳои чопист. Ин ки расонаҳои чопии Суғд дар инъикоси муҳимтарин ҳодиса, мавзӯъ ва мушкилоти рӯз то кадом андоза дастёбанд?




Чунин ба назар мерасад, акнун ҳатто кобинаи нави ҳукумати Суғд низ иқрор мекунад, ки расонаҳои хабарии маҳаллӣ аз инъикоси воқеии ҳодисаву рӯз канораҷӯӣ мекунад. Ва мақомот аз онҳо ба ҷуз аз иҷрои нақши минбари таблиғу ташвиқи барномаҳо ва хостаҳои ҳукуматӣ чизе бештар ва диде воқеитар дар инъикоси мавзӯъву матолиби рӯз талаб дорад. Ин матлабро Абдуқоҳир Нозиров раиси ҳукумати Суғд дар ҳузури журналистони устон дар маҳфили бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик ингуна изҳор дошт :



«Аз мазмуну мундариҷаи нашрияҳои ҳукуматӣ чандон қаноатманд нестем. Зеро дар онҳо маводҳои проблемавӣ кам чоп мешавад, таҳлили чуқур нест. Ҷуғрофияи маводҳо танг аст, дар маҳалҳо мухбирон надоранд. Доираи мавзӯъот бисёр танг аст.»



Ин тақозои ҳукумати Суғд дар навбати худ ба думбол саволеро дар назди рӯзноманигорони маҳаллӣ матраҳ кард, ки онҳоро аз рӯ овардан ба мавзӯъҳои муҳиму доғи рӯз ва таълифи мақолаҳои таҳлилӣ чӣ бозмедорад? Дар посух рӯзноманигорон ба омил ва сабабҳои мухталиф ишора мекунанд. Бобоҷони Икром сардабири ҳафтавори мустақили «Вароруд» дар бораи ду омили домангири рӯзноманигори Суғд ва умуман - журналисти Тоҷикистон мегӯяд:


«Ҳанӯз ҳам асари сабки журналистикаи шӯравӣ дар кору эҷоди журналистони тоҷик эҳсос мешавад. Ин пеш аз ҳама, дар якрангии инъикос ва тафсири воқеаҳои мардуми Тоҷикистон ба назар мерасад. Сабаби дигар, ҳарчанд рӯзноманигороне, ки ба мавзуъҳои ҷиддии рӯз даст мезананд, каманд аммо онҳо ҳам аз самараи кори худ қаноатманд нестанд.Худи як ҳафтаномаи «Вароруд» дар муддати 5 соли ахир беш аз 200 мақолаи таҳлилӣ нашр кард. Вале мутаассифона, ин мавод дар ягон сатҳи органҳои давлатӣ мавриди баррасӣ, омӯзиш ва чораҷӯӣ қарор нагирифт. Яъне то кунун акси садо аз ҷониби ҳукумат ба гӯш намерасад, ки ин журналистонро то як андоза аз таълифи чизҳои ҷиддии таҳлилӣ дилмонда месозад.»




Ба назари Бобоҷони Икром чунин муносибати мақомот бо расонаҳо аз он ҷо маншаъ мегирад, ки ҳукумат ҳамоно расонаҳои давлатиро минбари тарғибу ташвиқгари хостаҳои худ медонад. Аммо ҳамакнун то дараҷае тағйир хӯрдани назари мақомоти Суғд рӯзноманигоронро дар инъикоси матолиби ҷиддии таҳлилӣ дилгарм мекунад.
Вале Нӯъмон Раҷабӣ - хабарнигори мустақили Суғд ба даҳонбастагии теъдоди бештари рӯзноманигорони имрӯзи расонаҳои маҳаллӣ омилҳои дигари иқтисодиро боис медонад :




«Журналисти имрӯзи тоҷик маоши ночиз ва зиндагии паст дорад. Аз ин рӯ вақте ки рӯзноманигор дар бораи фаъолияти масалан, як корхона ҳам ки менависад, бо шартномаи расмӣ ва ё забонӣ аз он маблағ мегирад ва ӯ дигар маҷбур аст аз камбуду нуқсонҳо чашм пӯшад ва ба таърифу тавсифи коргоҳу сарвараш бипардозад. Аммо дар мавзӯъи фаъолияти мақомоти қудратӣ. Ба фикрам, дар ин маврид ҷасорати журналистии бештари рӯзноманигорони мо намерасад, ки ба инчунин мавзӯъ даст бизананд.»




Нӯъмони Раҷабзод афзуд, ки ҳодисаҳое, мисли ба маҳкамаву зиндон кашидани Ҷумъабой Толибов – рӯзноманигори мустақил дар пайи чопи силсилаи мақолаҳо дар танқиди фаъолияти додситонии маҳалаш рӯзноманигоронро аз навиштани матолиби таҳлилӣ ва танқидӣ дилсард месозад.
Аммо Абдулмаҷиди Бобоҷониён сардабири ҳафтавори мустақили «Суғд» дар Хуҷанд заъфи мавқеъи рӯзноманигорро дар инъикоси матолиби воқеии рӯз ба шахсияти вай низ бастагӣ медиҳад: «Журналистони соҳибқалам ва боистеъдод дар мо зиёд ҳастанд. Аммо рӯзноманигороне, ки мавқеъи мустаҳкам ва устувор доранд, каманд. Журналистоне, ки бо истифода аз Сарқонун ва қонунҳои дигари Тоҷикистон дар ҳар мавзуъ хоҳанд нависанд ва аз мавқеъи худ дифоъ кунанд.»



Дар баробари ин набуди маҳорати касбӣ ва душвории дарёфти иттилоъ низ аз ҷониби коршиносон сабабҳои канорагирии рӯзноманигорони Суғд аз матолиби муҳими рӯз арзёбӣ мешавад. Ба ҳамин тариқ, ҳарчанд ҳукумати Суғд аз нашрияҳои маҳаллӣ, ба хусус - расонаҳои давлатӣ чопи маводҳои проблемавию таҳлилӣ дар мавзӯъоти муҳими рӯзро тақозо дорад, аммо маълум нест ин тақозо ва таблиғ яхи муносибати байни мақомот ва рӯзноманигоронро об ва ба фаъолияти озоду мустақили онҳо мусоидат хоҳад кард ё хайр.
XS
SM
MD
LG