Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон


Ҳамойиши расонаҳои форсизабон дар шаҳри Душанбе бо рӯйи кор омадани раёсати анҷумани ҷаҳонии рӯзноманигорони форсизабон анҷом ёфт. Саймуддин Дӯстов, мудири иҷроияи анҷумани ҷаҳонии рӯзноманигорони форсизабон гуфт, ҳадаф эҷоди як анҷумани ҷаҳонӣ барои рӯзноманигорони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон аст.
Оқои Дӯстов иттилоъ дод,ки сарварии раёсати анҷумани навтаъсисро Адолат Умарова, сардабири нашрияи «Миллат» бар дӯш хоҳад дошт.


Ба таъйиди Саймиддин Дӯстов ба ҳайати раёсати Анҷуман ҷаҳонии рузноманигорони форсизабон Манижа Бохтарӣ - сардабири маҷаллаи «Парниён»-и Афғонистон, Ҳасани Биҳиштипур, корманди рӯзномаи эронии «Ҳамшаҳрӣ» ва Афшини Мубашшир, корманди радиои ВВС-и Бритониё шомил шудаанд.


Ҳамойиши расонаҳои форсизабони ҷаҳон бо ибтикори ҳафтаномаи хусусии «Миллат» ду рӯз ба ин сӯ дар шаҳри Душанбе идома дошт ва мавзӯъи баҳси он ҷаҳонишавӣ ва расонаҳои форсизабон унвон дошт.Саймуддин Дӯстов, мудири иҷроияи Анҷумани ҷаҳонии рӯзноманигорони форсизабон гуфт, раёсат тайи ҳафтаҳои наздик асноди лозимаро барои роҳандозии фаъолияти амалии Анҷумани рӯзноманигорони форсизабонон омода ва ба вазорати адлияи Тоҷикистон барои сабти ном пешниҳод хоҳад кард. Дар сурати сабти ном шудан ин аввалин ниҳоди ҳирфаии рӯзноманигорони се кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон - Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG