Пайвандҳои дастрасӣ

Меъёри муштараки забони расонаҳои форсӣ кадом аст?


Ҳасани Биҳиштипур намояндаи ҶИЭ дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, дар бештари маврид маҳз истилоҳоти техникӣ ба шунаванда ва хонандаи се кишвар номафҳум боқӣ мемонанд. Зеро дар ин се давлат,ки тақрибан дар тӯли сад соли ахир, аз ҳам ҷудо буданд, истилоҳҳои ҷадидро ба гунаҳои мутафовит қабул кардаанд.





Ва аммо бар тибқи иттилоъи Боқир Муъин, собиқ раиси бахши форсии родиои ВВС мушкили бештаре, ки дар расонаҳои ҳар се кишвар вомехӯрад, ин набуди расмулхатти ягона аст. Ҳасан Санчоракӣ, хабарнигори афғон меафзояд, заъфи дигари забонӣ дар миёни се кишвар -ин зери таъсири абарқудратҳо мондани ҳамин давлатҳо ва забони онҳост.





Ва аммо Иброҳи Усмонов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки таъсири забони арабӣ ба форсии муосири Эрон пайваста меафзояд ва ин забон бештар муаррабӣ ва аз асолати худ дур мегардад.
Дар ҳамоиш масъалаи дигаре, ки баррасӣ гардид, роҳҳои рафъи ҳамин мушкилот дар забони форсӣ буд.





Боқир Муъин мегӯяд, дар ин маврид бояд аз имконоти Интернет истифода кард, ки мақолоту гузоришотро ба як тартиб ба ҳуруфи сирилик ва ё ба форсии арабиасос метавон баргардон кард. Иброҳим Усмонов меафзояд дар мавриди қабули истилоҳоти ягона бояд як сохтори тарҷумонии мафҳумҳои ҷадидро роҳандозӣ кард. Ҳама ин мушкили забонӣ ба иттилоъи мусоҳибони ман баробари роҳандозии як сайт ё сомонаи интернетии муштараки форсӣ аз миён бардошта хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG