Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигорони форсигӯ ба ҳам меоянд


Ширкаткунандагони ҳамоиши расонаҳои форсизабон дар шаҳри Душанбе хостори роҳандозии як расонаи муштарак дар миёни рузноманигорони порсигӯ дар саросари дунё шуданд.


Ин матлаб дар дуввумин рӯзи кории аввалин ҳамоиши расонаҳои форсизабон, ки ҳамакнун дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе идома дорад, баён шудааст.


Намояндагони васоити ахбори кишварҳои ширкаткунандаи ҳамоиш аз қабили Эрон, Афғонистон ва Узбакистон дар ин ҳамоиш таъкид намуданд, ки бо вуҷуди шароити мутафовити иқтисодиву сиёсии ҳоким дар Тоҷикистон, Узбакистон ва Афғонистону Эрон ин кишварҳо имрӯз ниёз ба таъсису роҳандозии як расонаи муштараки форсӣ дар сатҳи байналмилалӣ доранд.


Аммо чӣ гунагии шакл ва наҳваи фаъолияти ин расонаи муштарак масъалаест,ки бояд ширкаткунандагони ҳамоиши расонаҳои форсизабон дар мавриди он ба тавофуқ даст ёбанд.


Ҳамчунин, интизор меравад, дар ин нишаст имкони таъсиси анҷуман ё иттиҳодияе,ки битавонад рузноманигорони форсизабонро дар саросари дунё ба ҳам орад,баррасӣ гардад.
XS
SM
MD
LG