Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамонҳои таеквондои Тоҷикистон


Чордаҳумин давраи ин мусобиқот рӯзҳои 10-ум ва 11-уми март дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе бо ширкати 150 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва пойтахти кишвар дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон Парвиз Муродов (то 50 кг), Масрур Сатторов (то 57 кг), Мақсудбек Маҳмудов (то 64 кг), Дилшод Ҷӯраев (то 71 кг) ва Рустам Улмасов (беш аз 71 кг) мақоми аввалро касб карда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Дар сабқати занон Зӯҳро Холова (то 45 кг), Зарина Икромова (то 51 кг) ва Нигора Ҳамидова (беш аз 51 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни миллии таеквон-до ITF-и Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: «Ҳадафи ин мусобиқот муайян кардани ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд, ки аз 24-ум то 30-юми апрел дар Словения дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ширкат меварзад. Шарафи Тоҷикистонро дар сабқати ҷаҳонӣ ҳафт нафар мардон - Масрур Сатторов, Далер ва Дилшод Сайфиддиновҳо, Рустам Улмасов, Далер Тӯраев, Рустам Зиёев ва Далер Шарифӣ, ҳамчунин се нафар бонувон - Шаҳло Абдураҳимова, Зарина Икромова ва Нигора Ҳамидова ҳимоя хоҳанд кард.»
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG