Пайвандҳои дастрасӣ

Футболбозон ба зиндониён дар гурехтан кӯмак карданд


Бозӣ бо пирӯзии Байерн ва фирор бо нокомии маҳбусон анҷом шуд

Дар Руминия ҳангоме, ки посбонони зиндон бозии футболи лигаи қаҳрамонҳои Аврупоро тамошо мекардаанд, панҷ зиндонӣ бо истифода ин фурсат аз маҳбас фирор кардаанд.

Ҳангоми бозии Реал Мадрид - Байерни Мюнхен зиндониён бо арраи оҳанбурӣ, панҷараи утоқи зиндонро буридаанд.

Барои он ки садои буридани оҳан ба гӯш нарасад, зиндониён қабл аз бозӣ садои телевизионро баланд ва сипас ҳангоми бозӣ амалиёти фирорро шурӯъ кардаанд.

Ба онҳо муяссар шудааст, ки дар нимаи дуввуми бозӣ аз зиндон гурезанд, аммо дар ниҳоят ва ҳангоми хориҷ шудан аз зиндон ба дасти посбонон афтодаанд.

Ин панҷ нафар аз 17 то 19 сол доштаанд ва акнун дигарбора ҷазо хоҳанд дид ва рафтори посбонони футболдӯсторро низ раёсати маҳбас баррасӣ мекардааст.
XS
SM
MD
LG