Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Жак Ширак дигар раёсати ҷумҳуриро намехоҳад


Жак Ширак, раиси ҷумҳури Фаронса эълом кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳур дар ин кишвар дар моҳи май ширкат нахоҳад кард.


Раиси ҷумҳури 72 солаи Фаронса 12 сол боз раиси ҷумҳури ин кишвар аст ва тайи чиҳил соли ахир раҳбари идораҳои муҳими давлатӣ дар Фаронса будааст.


Жак Ширак ҳангоми суханронӣ тавассути телевизиони давлатӣ гуфт, ки барои кишвараш бо роҳи дигаре хидмат хоҳад кард.


Дар нахустин вокуниш, раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ба Жак Ширак тамоми хушиҳоро таманно карда ва гуфтааст, ки Фаронсаву Амрико ҳампаймонҳои наздик боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG