Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод мехоҳад, дар Шӯрои амнияти СММ суханронӣ кунад


Раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод қасд дорад, барои ҳимоят аз барномаи баҳсбарангези атомии ин кишвар дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал ширкат ва суханронӣ кунад.


Телевизиони давлатиии Эрон рӯзи якшанбе дар ин бора хабар дод.


Ин дар ҳолест, ки аъзои доимии Шӯрои амният Иёлоти Муттаҳида, Чин, Фаронса, Бритониё, Русия бар изофаи Олмон масъалаи эъмоли таҳримоти нав ба зидди Эронро баррасӣ мекунанд, чун ин кишвар аз талаби Созмони Милал барои мутавақиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум сар печид.


Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Эрон барои тавлиди силоҳи атомӣ талош дорад, аммо Эрон мегӯяд, ки ҳадафи барномаҳои атомиаш тавлиди нерӯи барқ аст.
XS
SM
MD
LG