Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёҳон барои Замин хатарноканд?


Пажӯҳишгарони Олмон аз ҳамватанони саёҳатдӯстдори худ хостаанд, ки бо камтар кардани сайёҳат ба кишварҳои дигар дар коҳиши ихроҷи гази карбон ва ҷилавгирӣ аз гармоиши курраи замин саҳм бигзоранд.

Манфред Сток, донишманди Пажӯҳишгоҳи иқлимшиносии Потсдам мегӯяд, ки барои онҳое, ки таътил доранд, назар ба парвоз ба ҷазираҳои Сейхил, саёҳат ба Баҳри Сиёҳ беҳтар аст.

Мардуми Олмон назар ба дигар атбоъи кишварҳои ҷаҳон аз ҳама бештар барои саёҳат пул сарф мекунанд.

Аммо масъулони ширкатҳои сайёҳии Олмон гуфтаанд, на сайёҳон, балки нерӯгоҳҳои барқӣ олудакунандаҳои асосии ҳаво ҳастанд ва гумон аст, ки даъвати олимон мардумро аз орзуи сафар дилсард кунад.
XS
SM
MD
LG