Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистону Покистон таъсиси ҷиргаҳоро баррасӣ мекунанд


Мақомоти расмии Афғонистону Покистон имрӯз музокирот доир ба баргузор кардани ҷирга, яъне шӯроҳои қабилаҳоро оғоз карданд.


Ҳар ду кишвар соли гузашта тавофуқ намуданд, дар манотиқи қабиланишини Покистон, ки такягоҳи тундравон хонда мешавад, маҷлисҳои ҷирга баргузор шавад.


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки Толибон ҳамлаҳои худ ба Афғонистонро дар чунин манотиқ тарҳрезӣ мекунанд.


Дар музокироти дурӯза дар шаҳри Исломобод дастури кори ҷиргаҳо ва ҳузури намояндагон дар онҳо баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG