Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирати мавсимии мардикорон кай оғоз мешавад?


Масъалае, ки аз ҳоло муҳоҷирини мавсимиро нигарон кардааст, ба ҷуз аз душвории пайдо кардани кори қонунӣ дар Руссия муносибати сарди кормандони билетфурушиҳои фурудгоҳи Душанбе ва роҳи оҳани Тоҷикистон низ ҳаст. Солҳои пеш хадамоти фурудгоҳ ва роҳи оҳан бо афзоиши шумораи мусофирон аз ҳисоби муҳоҷирин аз мақоли маъруфи тоҷикӣ кор мегирифтанд, ки мегуяд: "Бардорад зам кун, набардорад кам кун". Чунин равандро касе назорат намекард.

Муҳоҷирини корӣ ҳар сол ба Тоҷикистон пули хеле зиёд ворид мекунанд, ба ин далел масъалаи муҳоҷирати корӣ ва таъмини аксари оилаҳо аз ҳисоби онҳо дар ҷомеъаи имрузи Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ мартраҳ шудааст. Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад то андозае раванди муҳоҷиратро танзим кунад ва он дар чаҳорчубаи қонунҳои мавҷудаи Тоҷикистон ва кишвари муҳоҷират, аз ҷумла Руссия, анҷом бигирад. Шояд ба ҳамин далел аст, ки баъзе аз бахшҳои марбут ба муҳоҷирати корӣ аз вазорати кору ҳифзи иҷтимоъӣ ба вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дода шуд. Созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ низ ба масъалаи муҳоҷирати кории тоҷикон таваҷҷуҳи бештар пайдо кардаанд.


Вале тадобир дар коғаз мемонад ва ё дар конфронсҳои илмӣ баррасӣ мешавад. Натиҷаҳои он то ҳол дар амал эҳсос нашудааст. Бо вуҷуди тағирот дар сохтори вазоратҳо билетфурушиҳои фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд ва роҳи оҳани Тоҷикистон мисли солҳои пеш муносибати худро бо муҳоҷирини корӣ тағир надодаанд. Бо дидани чунин шароит ва нархҳои гарони билет муҳоҷирини корӣ барои гирифтани ёрӣ ба муҳоҷирҷаллобон майл пайдо мекунанд ва дар симои онҳо гуё ғамхору ҳомии худро мебинанд.

Муҳоҷирҷаллобон чунин холигоҳҳоро пештар аз сохторҳои давлатӣ эҳсос мекунанд ва бо истифода аз чунин имконот барои худ роҳҳои ба даст овардани пулро меҷуянд. Онҳо бо ваъдаҳои бардуруғ аз роҳҳои махфӣ муҳоҷирини кориро ғайриқонунӣ аз марзи Тоҷикистон ва аз марзи кишварҳои ҳамсоя мегузаронанд ва муҳоҷиринро бо нокомӣ ру ба ру месозанд.

Рӯзҳои 15 то 18 феврали соли ҷорӣ дар устони Оқтубаи Қазоқистон 92 муҳоҷири кории тоҷик, ки аз роҳҳои ғайриқонунӣ дар ҳоли сафар ба Русия буданд, боздошт ва ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Элвира Шолкушкорова-сухангуи пулиси нақлиёти қисмати ғарбии Қазоқистон ба радиои Озодӣ гуфт, аксари ин муҳоҷирини корӣ савори қатори Тошканд-Уфа дар ҷустуҷуи кор ба устони Оренбурги Руссия равон будаанд.

Баъд аз ин нокомӣ муҳоҷирин вақти худро талаф доданд, аз роҳи худ монданд ва аз пули худ маҳрум шуданд, дар ҳоле ки баъзе аз сохторҳои давлатӣ ё созмонҳои ғайридавлатӣ метавонанд ин ибтикорро аз дасти ҷаллобон бигиранд ва бо ҳамон пули муҳоҷирин сафари онҳоро гуруҳ-гуруҳ дар чаҳорчубаи қонунҳои мавҷуда созмон диҳанд.

Дар давоми соли гузашта дар қаламрави Руссия ҷамъиятҳои зиёди тоҷикон ба таври қонунӣ ба фаъолият оғоз карданд ва ҳар созмоне аз Тоҷикистон метавонад дар ҳамоҳангӣ бо ин ҷамъиятҳо бо корхонаҳо дар Руссия барои шумораи муайяни муҳоҷирин қарордоди корӣ бигирад. Раҳматуллоҳ Мазориев-раиси ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Перм ба барномаи "Садои Ҳамватан" гуфт, имсол ҷамъияти вай барои дувоздаҳ ҳазор муҳоҷири корӣ дар се корхонаи санъатӣ ҷои кори қонунӣ пайдо кардааст. Ин миқдор муҳоҷир метавонанд бо қарордоди корӣ, ҷои хоб ва хадамоти тиббӣ таъмин бошанд. Ба гуфтаи Раҳматуллоҳ Мазориев, дастмузди онҳо низ то андозае бештар хоҳад буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG