Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои дилхоҳ аз конфронси Бағдод


Дируз Ҳушёр Зебарӣ-вазири умури хориҷаи Ироқ гуфт, конфронси байналмилалии Бағдод, ки ҳадафи он ҷалби ҳимоят барои таъмини оромиву субот дар Ироқ буд, бо натиҷаҳои дилхоҳ ба поён расид. Дар он намояндагони панҷ кишвари узви доимии Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони Созмони Ҷомеъаи Араб, Созмони Конфронси Исломӣ ва Ирону Сурия ширкат доштанд. Ҳушёр Зебарӣ конфронсро созанда арзёбӣ кард:


"Ҳамаи масъалаҳое, ки дар ин мулоқот баррасӣ шуд, комилан ба суботу амният дар Ироқ ихтисос дошт. Масъалаи дигари сиёсӣ дар дастури руз мавҷуд набуд".


Оқои Зебарӣ ҳамчунин гуфт, намояндагони Амрикову Ирон дар ин мулоқот бо якдигар мустақиман табодули афкор карданд. Ширкаткунандагони конфронс ба тавофуқ расидаанд, ки баргузории мулоқоти баъдӣ низ дар ин бора амри зарурист. Залмай Халилзод-сафири Амрико дар Ироқ гуфт, гуфтугуи мустақим бо Ирон ба мавзуи Ироқ таъаллуқ дошт.
XS
SM
MD
LG