Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди оппозисиюни қирғиз ба Боқиев


9-уми март бузургтарин ҷунбиши оппозитсиюнии Қирғизистон таҳдид кард, ки агар Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури ин кишвар барои таҳкими ниҳодҳои демократия ислоҳот аҷом надиҳад ва бо ришвахорӣ мубориза накунад, бар зидди вай роҳпаймоӣ анҷом хоҳанд дод.


Ҷунбиши "Барои ислоҳот" мегуяд, тазоҳуркунандагон истеъфои раиси ҷумҳурро тақозо хоҳанд кард. Азимбек Бекназаров-раиси ҳизби Асаба гуфт, раиси ҷумҳур бояд тақозоҳо дар бораи ислоҳотро бипазирад:


"Агар раиси ҷумҳур тақозоро напазирад, дар он сурат ҷунбиши "Барои ислоҳот" он гуна, ки бо фаъолиятҳои қаблии худ собит сохт, нируи кофӣ дорад. Масалан, раиси ҷумҳурро маҷбур сохт ки 9-уми ноябри соли гузашта қонуни навро имзо кунад. Мо барои баррасии тақозоҳои ахири худ вақт медиҳем. Агар ҳукумат онро қабул накунад, мо дар оянда даст ба иқдомҳои ҷиддӣ низ хоҳем зад".


Моҳи ноябри соли гузашта оппозисиюн як ҳафта тазоҳуроти эътирозӣ анҷом дод ва Боқиевро водор сохт, ислоҳот дар қонуни асосиро имзо кунад. Тибқи он бахше аз салоҳиятҳои раиси ҷумҳур ба порламон дода шуд. Вале баъдтар Боқиев бо ворид кардани иловаҳо дубора салоҳияти аз дастрафтаашро ба даст овард.
XS
SM
MD
LG