Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Эсхата" ва "Парвоз" ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд


Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи ҷумъаи 9 март дар варзишгоҳи ба номи Абдуғафур Самадови ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор шуданд. Нахуст «Эсхата» бар тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 4 бар 3 ғалаба кард. Дар бозии дигар тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар замони изофӣ бо натиҷаи 4 бар 1 пирӯз шуд. Замони асосӣ бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.

Бад-ин тартиб тимҳои «Эсхата» ва «Парвоз» дар бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 11 март барои дарёфти Ҷоми Рустам Долтабоев рақобат мекунанд.

Хабари дигар. Рӯзҳои 10-ум ва 11-уми март дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи таеквон-до ITF баргузор мешавад.

Дар сабқати ҷумҳуриявӣ ҳудуди 150 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат мекунанд, ки миёни онҳо ғолибони мусобиқоти ҷаҳонию қитъавӣ, ба мисли Нигора Ҳомидова, Зӯҳро Холова, Зарина Икромова, Дилафрӯз Воҳидова, Мансур Сатторов, Парвиз Муродов, Мансур Раҳматов ва Беҳрӯз Набиев ҳастанд.

Ва хабари охирин. Муҳаммад бин Ҳамоми 58-солаи қатарӣ, пас аз он ки фарди дигаре барои раёсати Конфедеросиюни футболи Осиё номзад нашуд, барои бори дувум то чаҳор соли баъд раиси Конфедеросиюни футболи Осиё боқӣ монд.

Воқиъан, ахири моҳи март ташрифи ҷаноби Ҳамом ҳамроҳи раиси Федеросиюни ҷаҳонии футбол Йозеф Блаттер ба Тоҷикистон дар назар аст.

Интихоботи аъзои кумитаи иҷроияи Конфедеросиюни футболи Осиё дар кунгураи AFC анҷом дода мешавад. Аз ҷумла, миёни номзадҳо ба узви кумитаи иҷроия аз манотиқи ҷанубу марказии Осиё, Гунеш Топо, аз Непал, Прийа Ранҷон Дасмуншӣ, аз Ҳиндустон, Бахтиёр Раҳимов, аз Узбакистон, Муҳсин Сафойи Фароҳонӣ, аз Эрон ва Сӯҳроб Қосимов, раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ҳастанд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG