Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҳамоиши матбуоти форсизабон дар Душанбе шурӯъ мешавад


cl

Дар Душанбе барои нахустин бор ҳамоиши ҷаҳонии расонаҳои форсизабон баргузор мегардад ва тӯли се рӯз журналистони форсигӯ авзоъи расонаҳои форсӣ, мушкили фақри хабарӣ дар ин расонаҳо ва ҷойгоҳи матбуоти форсиро дар фазои байнулмилалӣ мавриди баҳс қарор медиҳанд.


Ба иттилоъи Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи «Миллат» ва сарпарасти кулли ин ҳамоиш, ки рӯзи 11 март шурӯъ мешавад, аз Ирону Афғонистон, Ӯзбакистону Русия, Бритониё, Фаронса, ИМА ва Қазоқистону Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ширкат мекунанд. Ба иттилоъи мудири баргузоркунандаи ҳамоиш, фазои расонаҳои форсӣ дар ҷаҳони иттилоотӣ маҳдуд шудааст.


Ин дар мавридест, ки ба иттилои коршиносон, ҳамин маҳдудият бештар дар Тоҷикистон ба чашм мерасад. Дар ин маврид, нуқтаҳои назари зидду нақиз ҳаст. Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш масъалаи таъсиси як шабака ё Иттиҳодияи хабарнигорони форсзабон матраҳ хоҳа шуд.
Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG