Пайвандҳои дастрасӣ

Кока Кола ба Тоҷикистон меояд?


Кока Кола Ичечек, бахши туркии ширкати маъруфи нӯшокиҳо Кока Кола эълон кардааст, ки дар Тоҷикистон ширкате боз мекунад.


Хабаргузории ФлексНюс навиштааст, номи ширкати тоҷикии Кока Кола CC Trade LLC ва сармояи аввалияи ин ширкат як миллион доллар хоҳад буд.


Хабаргузории ФлексНюс гуфтааст, моҳи гузашта ширкати Кока Кола Ичечек аз банкҳо дусад миллион доллар қарз гирифтааст, то барои боз намудани корхонаҳо дар Туркия сармоягузорӣ намояд ва ба бозорҳои хориҷӣ роҳ бикшояд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG