Пайвандҳои дастрасӣ

Журналист аз вазир як танга ҷарима мехоҳад


Юлия Исҳоқова, хабарнигори шабакаи телевизионии ЕРА ТВ аз болои вазири иттилоот ва фарҳанги Қазоқистон Ёрмуҳаммад Ертисбоев ба додгоҳ шикоят бурд.


Хабарнигор даъво дорад, ки вазир шаъну эътибори ӯро паст задааст. Саидқозӣ Матаев, раиси Иттиҳодияи журналистони Қазоқистон мегӯяд, ки дар таърихи кишвар ин бори нахуст аст, ки журналист узви ҳукуматро ба додгоҳ мекашад.


Қазия аз он сар задааст, ки дар ҷаласае, ки дар Остона ба масъалаи пиёдасозии паёми солонаи раиси ҷумҳур бахшида шуда буд, вазир Юлия Исҳоқоваро, ки расман ба ҷаласа даъват шуда буд, берун кард. Оқои Матаев гуфт, ки рӯзи 7 март дар остонаи ҷашни байналмилалии занону духтарон Юлия Исҳоқова асноди заруриро ба додгоҳи ноҳияи Алмаатои шаҳри Остона супорид. Даъвогар барои расонидани зарари маънавӣ аз додгоҳ дархост кардааст, ки ҳангоми таъйиди иттиҳом алайҳи оқои Ертисбоев аз вазир 1 (як) танга ҷарима ситонида шавад.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG