Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷорҷ Буш мухолифи тарҳи ихроҷи сареъ аз Ироқ


Ҳукумати Амрико гуфт, ки раиси ҷумҳур ҳар гуна қонуни конгрессро, ки хостори ихроҷи зуди нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Ироқ мешавад, вето хоҳад гузошт.


Вакилони Ҳизби демократи Амрико дар конгресси ин кишвар рӯзи панҷшанбе тарҳи санадеро муаррифӣ карданд, ки дар он хоста мешавад, нерӯҳои ҷангии Амрико то моҳи сентябри соли оянда аз Ироқ хориҷ карда шаванд.


Вакилони Ҳизби демократи Амрико ҳар ду палатаи Конгрессро таҳти назорат доранд, аммо барои рад кардани ветои раиси ҷумҳури Амрико дорои курсиҳои кофӣ нестанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG