Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи имдоди Бунгоҳи ҳастаии СММ ба Эрон


Бунгоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар умури марбут ба нирӯи ҳастаӣ (IAEA) бо ҳамовозии том кӯмакҳояшро ба Эрон наздик ба 50 дарсад коҳиш дод. Гуфта мешавад, ин тасмим тибқи таҳримҳои байнулмилалии зидди Эрон гирифта шуд.


Сухангӯи бунгоҳ дар Вена гуфт, ҳамаи 35 кишвари узви шӯро аз ин тасмим пуштибонӣ карданд ва IAEA аз 55 барномаи ҳамкориҳои фаннӣ 22-тоашро пурра ё қисман қатъ кард.


Алиасғар Султонниё, сафири Эрон дар бунгоҳи нирӯи ҳастаии СММ ин тасмимро шадидан танқид кард ва онро дорои ангезаи сиёсӣ номид. Аммо сафири Олмон дар ин ниҳод Петер Готтвалд гуфт, ин тамим ва куллан таҳримҳо муҳиманд, зеро Эрон аз иҷрои талабҳои Шӯрои Амният сарпечӣ кард.


Моҳи декабри соли гузашта Шӯрои Амнияти СММ дар Қатъномаи 1737-и худ ба Эрон ҳушдор дода буд, агар ғанисозии ураниумро қатъ накунад бо таҳримҳои ҷиддитари байнулмилалӣ рӯбарӯ хоҳад гашт. Эрон барномаи ҳастаии худро сулҳомез меномад, дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Ғарб мегӯянд, Теҳрон талош дорад, ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад.
XS
SM
MD
LG