Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Хуҷанд пахши азон аз баландгӯҳо манъ шуд


Хуҷанд. Маъсми Муҳаммадраҷаб

Садои азон дар масоҷиди шаҳри Хуҷанд имрӯзҳо дигар аз тариқи баландгӯҳо ба гӯш намерасад, зеро бо дастури шаҳрдории Хуҷанд ахиран баланд гуфтани азон дар масҷидҳо манъ шудааст. Муҳиддин Абдуллоев, корманди идораи дини шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, ин иқдом аз ҷониби ҳукумат дар пайи дархости иддае аз сокинони маркази устони Суғд барои таъмини оромиши хотири онҳо гирифта шудааст : "Мақомоти ҳукумати Хуҷанд хондани азонро манъ накардааст. Лекин дар вохӯриҳои мақомот бо шаҳрвандон бархе аз онҳо арзу шикоят карданд, ки азонро бо овози баланд, аз баландгӯякҳо мехонанд. Акнун мо тақозо кардем, ки азонро бо садои паст хонанд."



Амри шаҳрдории Хуҷанд дар мавриди бо садои паст хондани азон аз ҷониби теъдоде аз намозгузорон бо норизоӣ истиқбол шудааст. Чунонки ду нафар аз намозгузорон дар масҷиди Шайх Муслиҳиддини маркази устони Суғд дар ин бора ингуна изҳори назар намуданд: «Ман мунтазир шуда меистам, ки кай муаззин азон мегӯяду ба масҷид равона мешавам. Акнун одамон ба масҷид омада мепурсанд, ки чаро садои азон шунида намешавад. Кӣ баланд хондани онро манъ кард?»«Паст хондани азон ба одамони намозхон мушкили рӯҳӣ эҷод мекунад. Азон паст бошад, одамҳо намешунаванд. Ҳар намозхон мехоҳад, ки азон баланд садо диҳад, одамҳои машғули кор онро шунида, барои гузоридани намоз ҳозир шаванд.»


Дар вилояти Суғд дар ҳоли ҳозир 80 масҷиди ҷомеъ ва 980 масҷиди панҷвақта фаъол аст ва масъулини умури дин мегӯянд, ки теъдоди намозгузорон дар онҳо рӯ ба афзоиш дорад.
Маъсми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд.
XS
SM
MD
LG