Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон. Ҷомеаи зоҳиран озод, ботинан маҳдуд


Дар гузориш омадааст, Тоҷикистон бо тақрибан 7 300 000 аҳолӣ кишварест, ки аз ҷониби раҳбарияти худкома идора мешавад. Ҳаёти сиёсии кишвар зери тасаллути президент Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳалқаи дохилии пуштибонҳои содиқи президент аст. Дар ҳоле, ки кишвар низоми бисёрҳизбӣ дорад, дар амал раванди демократия суст аст ва гуногунандешии сиёсӣ маҳдуд аст. Дар интихоботи президентии моҳи ноябр сабқати воқеъӣ вуҷуд надошт ва он ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ набуд, вале дар ҷараёни райъдиҳӣ баъзе беҳбудиҳо мушоҳида шуданд. Риояти ҳуқуқи башар аз ҷониби ҳукумат ҳамоно дар сатҳи поин қарор дорад ва фасодкорӣ монеаи раванди ислоҳоти демократӣ ва иҷтимоӣ мешавад.

Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар гузориши худ аз ҷумла чунин масъалаҳои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро номбар кардааст:

- Ҳуқуқи маҳдуди шаҳрвандон барои тағйир додани ҳукумат;
- Шиканҷа ва таҳқири боздоштшудагон ва шахсони дигар аз ҷониби нируҳои амниятӣ;
- Амалан аз ҷавобгӯӣ озод будани нируҳои амниятӣ;
- Боздоштҳои дарозмуддат бе гузоштани иттиҳом ва шурӯъи муҳокима;
- Ба наздикони маҳбусон надодани ҳаққи дидорбинӣ аз зиндониён;
- Ба даст овардани ба истилоҳ эътирофи гуноҳ ба воситаи шиканҷа ва дар додгоҳ ба ҳайси далел истифода шудани чунин ба истилоҳ, "эътироф";
- Шароити бади зиндонҳо ва дастрасии маҳдуди нозирони хориҷӣ ба назорати вазъи зиндонҳо;
- Маҳдудияти озодии баён ва расонаҳои хабарӣ;
- Маҳдудияти озодии анҷуману гурӯҳҳо;
маҳдудияти озодии дин;
- Фишор болои дигарандешони сиёсӣ, ба шумули хабарнигорон;
- Фишор болои созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ;
мушкилоти сабти ном ва раводид;
- Қочоқи инсон;
- Хушунат ба зидди занон;
- Истифодаи ғайриқонунии нируи кории бачаҳои ноболиғ;


Дар гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба зидди қочоқи инсонҳо иқдоми ҷиддӣ кард, аз ҷумла онҳое, ки ҳадафи қочоқбарон қарор гирифтанд, ба ватан пас оварда шуданд. Шумори онҳое, ки ба иттиҳоми қочоқбари инсон муҳокима шуданд, ба таври назаррас афзоиш ёфт.

Беҳбудии дигаре, ки дар гузориш зикр шудааст, ин аст, ки соли гузашта ҳукумат ба чанд расонаи мустақили хабарӣ иҷозаи сабти ном ва фаъолият дод. Дар идомаи гузориш ҳар яке аз проблемаҳои номбаршуда ба таври муфассал баррасӣ шудааст. Аз ҷумла, дар мавриди шиканҷа омадааст, ки қонунҳои Тоҷикистон шиканҷаро манъ мекунанд, вале дар амал, тибқи хабарҳо, мақомоти амниятӣ аз шиканҷа кор мегиранд.
Масалан, ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, соли гузашта ба вижа, кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар рафти бозпурсиҳо аз латукӯб, таҳқири ҷинсӣ ва шоки барқӣ кор гирифтаанд. Чанд нафаре, ки ба иттиҳоми узвияти Ҳизб-ут-таҳрир боздошт шудаанд ва хешовандони онҳо мегӯянд, ки ҳангоми боздошт кормандони полис онҳоро шиканҷа ва латукӯб кардаанд.

Дар гузориш омадааст, ки узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Саъдуллоҳ Маъруфов соли гузашта дар вилояти Суғд боздошт шуд ва тибқи хабарҳо, дар зиндон шиканҷа шудааст. Баъдан, ба гуфтаи манобеъи расмӣ, Маъруфов дар зиндон худкушӣ кардааст. Ҳангоми тафтиши парвандаи шиканҷаи ин шахс се корманди зиндон дар ин робита аз вазифа сабукдӯш карда шуданд. Гузориши вазорати корҳои хориҷии Амрико вазъи зиндонҳои Тоҷикистонро танқид кардааст. Дар гузориш омадааст, ки дар ҳуҷраҳои зиндон шумори маҳбусон зиёд аст, шароити санитарӣ бад аст ва даҳҳо зиндониён ба бемории мухталиф, аз ҷумла сил ва СПИД мубтало шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мавҷудияти маҳбусони сиёсиро рад мекунанд. Дар гузориш омадааст, соли гузашта чандин нафар бо ҳадафҳои сиёсӣ боздошт шуданд. Тибқи хабарҳо, аъзои ҳизбҳои мухолиф бо иттиҳоми авбошӣ ё дигар иттиҳомоти ғайрисиёсӣ зиндонӣ мешаванд.

Дар гузориш номи чандин нафар чун мисоли боздошти дигарандешон бо баҳонаҳои мухталиф оварда шудааст. Аз ҷумла, боздошти узви ҳизби Сотсиал-Демократ Файзинисо Воҳидова, бозпурсии раҳбари ин ҳизб Раҳматуллоҳ Зойиров, ҳабси аъзои Ҳизби Наҳзати Исломӣ Саъдуллоҳ Маъруфов ва Сайфиддин Файзов, ҳабси сиёсатмадори дигарандеш Рустам Файзиев, хабарнигор Мухтор Боқизода ва дигарон дар гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико зикр ёфтааст.

Қонуни Тоҷикистон аз озодии баён ва расонаҳои хабарӣ ҳимоят мекунад, вале дар амал ҳукумат чунин озодиҳоро маҳдуд кардааст. Онҳое, ки аз сиёсатҳои ҳукумат розӣ нестанд, мавриди таҳдид қарор мегиранд. Фишор болои афкори мухолиф, ба вижа дар робита ба интихоботи моҳи ноябр шадидтар шуд.
Расонаҳои мустақил фаъолият доштанд, вале ҳукумат бо роҳҳои гуногун кори онҳоро зери назорат дошт. Баъзе хабарнигорон аз тарс ба худ-сонсурӣ даст мезаданд.

Дар кишвар фасодкорӣ, ба вижа ришвахорӣ ва хешу таборгароӣ доман паҳн кардааст. Ҳукумат низ мавҷудияти ин мушкилро эътироф карда, барои коҳиш додани он чанд иқдом намуд. Аз ҷумла, ба гуфтаи раиси ҷумҳурӣ дар тӯли панҷ соли гузашта беш аз 800 корманди расмӣ дар робита ба даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ҳабс шуданд.

Гузориши Вазоарти корҳои хориҷии ИМА ба вазъи маълулони Тоҷикистон низ таваҷҷӯҳ кардааст. Дар гузориш омадааст, ки дар дастрасии маълулон ба кор, таҳсил ва хадамоти беҳдоштӣ мушкилот вуҷуд надорад. Вале мушкил дар он аст, ки барои беҳбуди шароити зиндагии маълулон пули кофӣ ҷудо нашудааст. Дар биноҳо барои аробачаҳои маълулон шароит фароҳам сохта намешавад ва ҳукумат низ барои ҳалли ин масъала таваҷҷӯҳ накардааст.
XS
SM
MD
LG