Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар гузориши солонаи ҳуқуқи башар


фн

Дар гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон интиқод аз зикри пешрафтҳо бештар аст. Дар он ҳокимияти Тоҷикистон худкома унвон шуда, омадааст, ки "ҳаёти сиёсии кишвар зери тасаллути президент Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳалқаи дохилии пуштибонҳои содиқи президент аст." Дар он гуфта мешавад, дар ҳоле, ки кишвар низоми бисёрҳизбӣ дорад, дар амал раванди демократия суст аст ва гуногунандешии сиёсӣ маҳдуд аст. Дар интихоботи президентии моҳи ноябр сабқати воқеъӣ вуҷуд надошт ва он ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ набуд, вале дар ҷараёни райъдиҳӣ баъзе беҳбудиҳо мушоҳида шуданд. Риояти ҳуқуқи башар аз ҷониби ҳукумат ҳамоно дар сатҳи поин қарор дорад ва фасодкорӣ монеаи раванди ислоҳоти демократӣ ва иҷтимоӣ мешавад.




Дар гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба зидди қочоқи инсонҳо иқдоми ҷиддӣ кард, аз ҷумла онҳое, ки ҳадафи қочоқбарон қарор гирифтанд, ба ватан пас оварда шуданд. Шумори онҳое, ки ба иттиҳоми қочоқбари инсон муҳокима шуданд, ба таври назаррас афзоиш ёфт. Беҳбудии дигаре, ки дар гузориш зикр шудааст, ин аст, ки соли гузашта ҳукумат ба чанд расонаи мустақили хабарӣ иҷозаи сабти ном ва фаъолият дод.


Гузориши вазорати корҳои хориҷии Амрико вазъи зиндонҳои Тоҷикистонро танқид кардааст. Дар гузориш омадааст, ки дар ҳуҷраҳои зиндон шумори маҳбусон зиёд аст, шароити санитарӣ бад аст ва даҳҳо зиндониён ба бемории мухталиф, аз ҷумла сил ва СПИД мубтало шудаанд. Дар гузориш номи чандин нафар чун мисоли боздошти дигарандешон бо баҳонаҳои мухталиф оварда шудааст.
XS
SM
MD
LG